Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ

ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ

20-03-2022, 12:00
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ

Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густардатарин идҳои мардумони эронитабор, аз он ҷумла тоҷикон буда, дар тўли таърих бо ҳамин ном ба фарҳанги халқҳои Осиё, Қафқоз ва Ховари Наздик низ гузаштааст. Тавре ки аз номи он бармеояд, маънои Наврўз «рўзи нав» мебошад ва онро аз сабабе, ки рўзи аввали моҳи Фарвардини соли хуршедӣ барпо мешавад, “Иди Соли нав" низ меноманд. Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз дар баҳор мебошад.
Бояд гуфт, ки Наврўз барои мардуми тоҷик бузургтарин ва азизтарин иди таърихиву миллист. Аз замонҳои қадим дар саросари мамлакатҳои Шарқ бо шаҳомати тоза таҷлил мегардид. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, бо саъю кўшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврўз аз нав эҳё гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд ва он дар зиёда аз 30 мамлакати ҷаҳон қайд мегардад, ки ҳатто аксари ин кишварҳоро санаҳои ҷашни Наврўзашон ба 21 март рост меояд: Афғонистон (21 март), Албания (20-23 март), Озарбойҷон (20-26 март), (Гурҷистон (21 март), Эрон (20-24 март), Ироқ, Курдистон (21 март), (Қазоқистон (21-24 март), Косово (21 март), Қирғизистон (21 март), Муғулистон (21 март), (Туркманистон (20-23 март) ва Ўзбекистон (21 март).
Дар Тоҷикистон низ ин ҷашни байналмилалӣ аз 21 то 24 март бо як шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудан ва ҷашни байналмилалӣ эълон гаштан ҷашни Наврўз аз ҷониби як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврўз, аз он ҷумла, Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуд. Дар таърихи 23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола, дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил гардад.
Инчунин, созмони ЮНЕСКО ҷашни Наврўзро ҳамчун намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият сабт намудааст (2009, 2016), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомили кишварҳои пешниҳодкунанда мебо¬шад.


АЗ ТАЪРИХИ НАВРЎЗ
Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманде таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Хисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ, шоҳ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврўз хондаанд.
Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рўзи Наврўз ягона рўзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврўз бузургу муаззам буд». Ҳамчунин, дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки «Аз расмҳои подшоҳон Наврўз чист? Нахустин рўз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рўзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст».
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврўз сухан мегўяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро ҷустуҷў мекунад ва дарҳои онҳоро ба рўи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рўзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегўяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврўз истиқбол менамуданд.
Дар «Шоҳнома» низ гузаштаи ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чи тавре ки маълум аст, дар 21 март шабу рўз баробар шуда, ба 12 соатӣ тақсим мешавад. Вақте ки Ҷамшед тахти тиллогини худро сохт (аз рўи достон якумин тахт дар таърихи инсоният буд), дар вақти баромади офтоб онро дар кўҳи баланд бардошта ва тилло аз нурҳои офтоб ҷило гирифта, равшаниаш мисли офтобро мемонд. Аз он рўз, ин санаро Наврўз номиданд ва ҳамчун аввали соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврўзнома» гуфта шудааст, ки “Ҷамшед ин рўзро Наврўз номида ва ўро ба расму оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд”. Дар ин мероси халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштин паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанӣ, арғамчинкашӣ мекунанд. Барои ороиши дастархони идонаи наврўзӣ ҳатман таъомҳое бо ҳарфҳои «с» ва «ш» аҳамияти калон дорад.
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист, ҷашнҳои муқаддаси миллиамон-Наврўз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дар тўли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрўз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонад.
Ҷашни Наврўз 23-юми феврали соли 2010 дар 64-умин Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврўз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст».
Воқеан ҳам, Наврўз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дўстӣ, бародарӣ, нерубахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст. Агар ба самти иҷтимоӣ-иқтисодии Наврўз назар афканем, он ба пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии халқҳои эронинажод дар асрҳои 7-3 пеш аз мелод нисбат дода мешавад.
Мувофиқи очеркҳои таърихӣ ва ривоятҳои асотирии халқҳои гуногун Худованд офариниши ҷаҳонро дар оғози баҳор, яъне дар айёми Наврўз шуруъ кардааст. Халқҳои эронинажод то ислом ва баъди он низ Наврўзро рўзи аввали сол меҳисобиданд. Ин тарзи ҷашнгирии Наврўз то ба мо омада расидааст ва ҳамасола он дар саршавии соли наве, ки ба рўзи якуми моҳи фарвардин рост меояд, таҷлил мегардад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳақ дорад, ки Соли нави худро аз Наврўз оғоз кунад. Наврўз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде, аз ҷумла Наврўз дар Тоҷикистон бо рўҳияи хоси сиёсӣ доир карда мешавад. Аммо бархе аз муҳaққиқони оинҳои наврўзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврўзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврўз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа ўзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ густариш ёфтаст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин минтақа тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврўз ҳифз шуда ва мардуми ўзбек низ бо чунин расм аз Наврўз таҷлил ба амал меоранд.
Наврўзи Ўзбекистон
Ҷашни Наврўз дар Ўзбекистон низ ба монанди кишвари мо дар рўҳияи сиёсиву фарҳангӣ бо номи «Наврўз байрами» доир карда мешавад. Дар аксар шаҳрҳои Ўзбекистон мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд, анъаноти Наврўз ҳифз шуда, мардуми ўзбек низ бо чунин расм аз Наврўз пешвоз мегиранд. Дар манотиқи мухталифи Ўзбекистон ғазои наврўзӣ - саману ё суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегўянд.
Наврўзи Туркманистон
Наврўз дар Туркманистон, дар муқоиса бо кишварҳои дигари туркзабони минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври густардатар таҷлил мегардад. Давлати Туркманистон рўзҳои 20, 21 ва 22 мартро ба унвони таҷлил аз Наврўз ё ба истилоҳ «Наврўз байрам» эълон кардааст. Дар канори оростани суфраи наврўзӣ, баргузории мусобиқаи човандозӣ ё бузкашӣ аз вижагиҳои ҷашни Наврўзи Туркманистон маҳсуб мешавад.
Наврўзи Қазоқистон ва Қирғизистон
Дар Қазоқистон ва Қирғизистон низ Наврўз дар сатҳи баланди расмӣ таҷлил мешавад. Дар Қазоқистон Наврўз иди баҳор ва эҳёи табиат дониста шуда, расман чун «Наврўз байрамъ» дар таърихи 22 март ҷашн гирифта мешавад. Қазоқҳо дар ин рўз, дар канори ширкат дар барномаҳои фарҳангӣ ва тафреҳӣ ба шинондани дарахтону гулҳо ва ободу зебо кардани манозил ва маҳаллоти маскунии худ машғул мешаванд. Зеро таҷлили Наврўз дар манзили тамиз ва ороста аз оинҳои мардуми қазоқ унвон шудааст. Аммо қирғизҳо дар канори маросими сайру гашти идона дар рўзи Наврўз оини миллии худ «Манасхонӣ»-ро иҷро мекунанд. Ҷашни Наврўз дар Қирғизистон тафовути зиёде аз дигар кишварҳо надорад. Қирғизҳо либосҳои идона ба бар карда, ҳазорҳо нафар дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирди ҳам меоянд ва Наврўзро ҷашн мегиранд. Дар ҳар шаҳру минтақаи Қирғизистон маросими «Манасхонӣ» бо ширкати ҷавонон ва бузургсолон баргузор карда мешавад. «Манас» аз достонҳои таърихӣ ва бостонии ин мардум ба ҳисоб меравад.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: