Дар таъриҳи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни ҳуҷастапай ва фархундаи Наврўз азизу арҷманд нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садокат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънй дошта, дар аввали соли нави хуршедй ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, огози корҳои кишоварзй ва боғдорй, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносй, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.
Дар таъриҳи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони "Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, карорномаи "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазокистон, Қиргизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасй қарор ёфтааст. Дар карорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамҷун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги Кавму миллатҳои дигари Осиёи Марказй низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таъриҳ, ҳаводиси сиёсию иҷтимой ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имруз омада расидааст.
Аз таъриҳи ҷашни Наврӯз. Роҷеъ ба таъриҳи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таъриҳию адабй ва бадей маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронй ва ҳориҷй дар асоси онҳо маколоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсй, «Наврӯзнома»-и Умари Ҳайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунй, «Зайн-ул-аҳбор»-и Абулсаиди Гардезй, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравй ва ҷанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифок Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз ҳондаанд.
Ҳаким Умари Ҳайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур ҷунин навиштааст: «...аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки ҷун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вакту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, ҷӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва ҷун Ҷ,амшед он рӯзро дарёфг, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд»
Абулсаид Абулҳайи Гардезй дар китоби «Зайн-ул-аҳбор» дар бораи Ҷамшед мегӯяд: «Ҷамшеди Вангаҳон (Анвҷаҳон) ҷун бар таҳт биншаст бо девон ҳарб кард ва дасти эшонро аз Мардумон кутоҳ, кард, эшонро зи ободиҳо барандоҳт ва андар дарёҳову вайрониҳо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Ҳудой азза ва ҷалла гармову сармо ва беморй ва марг аз мардумон баргирад. Ҳудой азза ва ҷалла аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисоҳт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин амал ба мардумон биёмӯҳтанд, ҷомаҳо ранг фармуд карданд» .
Дар дарбори подшоҳони Сосонй Наврӯз ҳеле бошукуҳ, ва дабдаба таҷлил мегащт. Намояндагони 23 кишвар (тобеъони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари ҳуд ҳадяҳо такдим мекарданд. Аз ин туҳфаҳо баҳши бузурге ба ҳазинаи кишвар ворид мешуд. Кисравй дар китоби «Ал-маҳосин вал аздод», дар бораи такдими ҳадоё ва навъи ҷунин навиштааст: «Аз Ҳинд фил, шамшер, мушку васоили кишоварзй, аз Тибету Ҷин мушку анбар, абрешим ва ранг, аз савоҳили рӯди Синд товус ва тутй, аз дарбори Рум фаршу порчаҳои алвон, эҳтиёҷи саворкороии эронй, аз кишварҳои ҳамҷавор ва Миср аспҳои зебо ва тезрав, - гӯсфанд, шутур, оҳу, хари ваҳшй ва зарофа ва сойири ҳадоёи - накдй» меоварданд. Такдим ва навъи ин ҳадоё дар накши Таҳти Ҷамшед ба ҳубй нишон дода шудааст.
Марселиюс - бозаргони румй, ки дар даврони сосониён ба Эрон сафар карда, ҳуд шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи ҳуд менависад: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз ; духтарону занони пойтаҳт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯҳта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба пойкубй ва рақс мепардоҳтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анушервон, ки шаш ҳазор метр ; масоҳат дорад, фарши заминай сафеди як китъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи даратон бо забарҷад ва ақиқи сафед ва сурате ёқути сурҳ, муҷассамаи шутуре аз нуқраи ҳом ва аспе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳир нишон бар зинати толори шоҳаншоҳй афзудааст.
Дар интиҳои толор пардаи марвориддӯзе бо абрешими обй ва овезаҳои зарбафт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинй ва ошомиданй аз шодбошгӯяндагон дар Наврӯзи ҳосса ва омма борёфтагон пазирой мекарданд ва ромишгарон ҳозирони толор ва мардумеро, ки дар саҳни бог ҷамъ шуда буданд, ба шодмонй ва сурур меоварданд...» .
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабй ва таъриҳи ёдовар шудаанд.
Шоирони забардасте ҷун Рудакию Фирдавсй, Дакикй оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат суҳан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба калам додаанд.
Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ, шудааст ва мардуми тоҷику ҳалкҳои дигари эронй дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони ҳуд даст накашидаанд.