Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наврӯз бар таассуб пирӯз аст

Наврӯз бар таассуб пирӯз аст

17-03-2021, 09:46
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз бар таассуб пирӯз аст
Наврӯз яке аз ҷашнҳои ориёист, ки фарорасии баҳор ва воқеияти ҳосилнокии кишту кори кишоварзонро дар соли нав ошкоро баён мекунад. Яъне ниёгони мо то фарорасии Наврӯз дар табақҳо анвои гуногуни донагиро мекоштанд ва аз натиҷаи ҳосилнокии он бохабар мешуданд. Бо фаро расидани Наврӯз табиат аз нав зинда шуда, либоси сабз ба бар мекунад. Воқеан, Наврӯз ҷашни табиӣ буда, ҳадафи сиёсӣ, динӣ ва ё мазҳабӣ надорад ва расму оин ва дини ягон қавму қабила ва ё халқу миллатеро таҳдид намекунад.
Наврӯз ҷашни ростӣ, адолат, хирад, ваҳдат, созандагӣ ва аз ҳама муҳим пирӯзии нур ба зулмат ё ин ки пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Аз ин рӯ, ифротиёни наҳзатӣ аз Наврӯз ҳарос доранд, зеро медонанд, ки Наврӯз душмани дурӯѓ, беадолатӣ, хиёнат ва тафриқаандозӣ буда, намегузорад, ки ин хоинон ба ҳадафи палиди худ расанд. Бинобар ин, ба Наврӯз тобиши мазҳабӣ дода, дар дили ҷомеа хавфу ҳарос эҷод карданӣ ҳастанд. Бо ин роҳ, ифротиён мехоҳанд дар байни ҷомеа тафриқа андохта, аз ҳисоби ду-се нафари ҷоҳилу нодон сафи худро пур кунанд.
Дар баробари ин, Наврӯз омӯзгорест, ки саргузашт ва таҷрибаи воқеии худро ба мо меомӯзад. ӯ исбот мекунад, ки танҳо бо роҳи рост рафтан инсон метавонад ба мақсад ноил гардад. Чунончи, тӯли чандин ҳазор сол аз ҷониби кишварҳои аҷнабӣ таҳдид ва таарӯзи зиёдеро паси сар намуд. Ба ҳеҷ кишвар ва мухолифоне, ки зидди Наврӯз камари ҳиммат баста буданд, муяссар нагардид, ки Наврӯзро аз сафҳаи таърих пок кунанд. Дар гузашта, низ кӯшиш мекарданд, ки Наврӯзро бо сиёсат ё дин омезиш диҳанд. Вале мардум Наврӯзро ҳамон тавре ки озод ва табиӣ буд, қабул карданд ва маросимҳои онро аз насл ба насл мерос гузоштанд.
Айни замон, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ қабул гардидааст, айнан ҳамон бозиҳои динӣ ва мазҳабӣ аз ҷониби ифротгароён тарроҳӣ гардида истодааст. Бо ин амал, ифротгароёни наҳзатӣ заъфияти худро бармало нишон доданд. Зеро шахси дучори гирдоби бало қароргирифта кӯшиш мекунад, ки ҳар чизи ба даст омадаро маҳкам дорад ва ҷони худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Чун наҳзатиён дигар ягон умеди наҷот надоштанд, маҷбур шуданд, ки ҳадафҳои нопоки худро тавассути бадном кардани Наврӯз амалӣ намуда, байни ҷомеа тафриқа андозанд ва ҷавонони содаву гумроҳро гирифтори доми худ кунанд. Вале Наврӯз бо фаро расидан, табиатро аз нав зинда кард ва шодиву нишот ба армуѓон овард. Тамоми кинаву адовате, ки ифротиён бар зидди Наврӯз дар байни ҷомеа паҳн карданд, ҳамаро аз байн бурд ва ҷои кинаву адоват меҳру садоқатро дар дили пиру барно партавафкан намуд. Наврӯз бар ифроту таассуб ҳамеша ѓолиб аст.

Салим Саид

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: