Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қиммат аст!

Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қиммат аст!

5-03-2022, 09:33
Хабарро хонданд: 668 нафар
Назарҳо: 0
            Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қиммат аст!
Модар чӣ мафҳуми ширин ва дилнишинест. Вақте Модар мегўем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гуворое фаро мегирад.
Модар ба мисли Замин якто ва муҳаббати ў барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст. Модар мисли гулест, ки аз бўи хушаш ҷаҳон муаттар гаштааст.
Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки аз «Алла»-и модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.Чуноне, шоир гуфтааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.

Модар азизтарин мавҷуди зиндагӣ, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Мисли оғўши биҳиштосои модар макони дигаре пайдо кардан мушкил аст. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷеаест тасаввурнокарданӣ.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли башар, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанг мебошад. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кўшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин рисолати бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари тарбияву ба камолоти маънавӣ расонидани фарзандони худ боз дар рўҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва солимии зан-модар вобаста аст. Нақши модар, махсусан, дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Модар, чӣ қадар дўсташ медорам? ба андозаи обҳои дарё, ба андозаи вазнинии кўҳҳо, ба андозаи масофаи бодҳо, ба андозаи осмонҳо ва ба он андозаи ҳар чизеву касе, ки арзишаш номуайян аст. Ба меҳри беназири ў бояд сухани камназир гуфт. Дар осмони обии дилам ҷое барои абрҳо нест, ба ҷуз муҳаббати модар. Ҳанўзам модарро он қадар ки лоиқи он ҳаст, нашинохтаам, то васфаш кунам.
Зиҳӣ, модар, ба чунин қудрату матонат, латофату ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…
Ҷанннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми Модарон аст.
Наргис ШАМСОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: