Тарбия аз батни модар шурӯъ мешавад26-08-2019, 15:09
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 1
![]() Дар ҷумҳурӣ аз моҳи августи соли 2011 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, ки марому мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад. Пеш аз имзо расидани қонуни мазкур волидоне, ки ба мактабу омӯзгорон робита доштанд кам ба назар мерасиданд ва аз рафти донишу савияи ахлоқи фарзандонашон пурсон намешуданд. Аз рафти мушоҳидаҳо имрӯзҳо маълум мешавад, ки ба ғайр аз он ки дар маҷлисҳои падару модарон омадан, боз дар дарсҳо низ иштирок мекунанд. Аз роҳбарони синф ва омӯзгорон аз рафтору кирдор ва дониши фарзандонашонро пурсон мешаванд. Ин робитаи волидон ва омӯзгорон масъулият ва шавқи кӯдаконро ба дониш ва рафтори намунавӣ доштан зиёд месозад. Яъне агар оғози тарбия аз оила ифтитоҳ ёбад, минбаъд дар боғча ва мактаб рушд мекунад. Маҳз ба ин хотир имрӯз волидон бо боғчаю мактаб робита доранд, то аз муҳите, ки фарзандашонро давоми умр интизор аст, огаҳӣ пайдо намоянд. Тарбияи фарзанд барои ҳар фарди ҷомеа, хоҳ ҷавону хоҳ пир муҳим аст. Хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ метавонад одамро ба қуллаҳои баланди шарафмандии инсонӣ бирасонад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем нисбат ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем, то тавонем насли хубу ба ҷомеа лозимиро тарбия карда, ба зиндагӣ раҳнамун созем. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.