Табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар7-03-2018, 15:00
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
07.03.2018 18:00, шаҳри Душанбе Модарон ва хоҳарони азиз! Фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи занону модарони мушфиқ ва бонувони меҳрубони Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад. Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Модарони арҷманди мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Дар баробари ин, масъалаву мушкилоти вобаста ба ҳаёту фаъолияти бонувон низ вуҷуд доранд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ карда истодааст. Бовар дорам, ки модарону бонувони хирадманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, инчунин, риояи муқаррароти қонунҳои миллиамон – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳми арзандаи худро мегузоранд. Модарону бонувони муҳтарам! Фарзандони азиз! Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор грантҳои президентӣ ва дигар имтиёзҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бонувони мо бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Мо соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем. Ҳадафи асосии ин иқдом эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули фарҳанги хонавода, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҷойҳои кории нав, алалхусус, барои бонувону ҷавондухтарон мебошад. Мо хуб медонем, ки нигоҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои милливу мардумӣ маҳз модарону занону бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд. Итминони комил дорам, ки модарону хоҳарони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузоранд. Бори дигар тамоми занону модарон ва хоҳарону бонувони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам. Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.