Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАН- ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИФОДАГАРИ ОЗОДИЮ РУШДИ ҶОМЕА

ЗАН- ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИФОДАГАРИ ОЗОДИЮ РУШДИ ҶОМЕА

12-08-2021, 07:10
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
ЗАН- ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ИФОДАГАРИ ОЗОДИЮ РУШДИ ҶОМЕА
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Пайғамбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармоянд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рўзӣ дар Ватан».

Ба ин маънӣ, занону модарон бояд ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кўшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳбину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рўҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту иятихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан, дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ин ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҷавонону занон, ташкил ва аз ҳисоби электорати фаъоли ҷомеа – занону ҷавонон зиёд намудани сафи аъзои худ, вусъати амалияи таблиғотӣ, арҷгузорӣ ба санаҳои муҳими таърихӣ, бузургдошти абармардони давлати тоҷикон, сипосгузорӣ аз меҳнати фарзандони обрўманди миллати тоҷик мебошад.

Дар ҳама давру замон зан ҳамеша нерўи тавонои офарандагӣ ва саодатмандиро соҳиб буд. Вобаста ба татбиқи босамари нишондодҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Панҷакент 23 фисади раисони маҳалла ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҳисоби занон фаъол мебошанд. Маълум аст, ки яке аз талаботҳои асосии давлати демократии муосир ҳуқуқ ва баробарӣ мебошад ва он яке аз асосҳои муҳимтарини ҷомеаи демократӣ буда, барои адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон мусоидат менамояд.

Тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои олии охлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст. Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд». Ин дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мароми асосии фаъолияти ҳизбии занон мебошад.

Мавлуда Тоҷиева

мудири шўъбаи кор бо занони

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: