Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Меҳри модар

14-12-2016, 10:50
Хабарро хонданд: 767 нафар
Назарҳо: 0
Меҳри модар

Модар, чӣ қадар калимаи зебо ва бузург аст. Албатта, ҳамагон медонем, ки натанҳо номаш, балки худаш ҳам бузург аст. Модар аст, ки моро ба роҳи рости зиндаги роҳбалади мекунад. Аввалин суруде, ки мо мешунавем ин суруди аллаи модар мебошад, ки тавассути ин суруд рӯҳи мо, қалби мо оромиш меёбад. Ба ҳамагон маълумаст, ки модар тифли худро нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз дар батнаш гирифта бо чӣ азобу кулфат пас аз нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз ба дунё меоварад, ки ҳатто ба гуфтаи баъзеҳо ҳангоми таваллуди тифл модар бо марг даст ба гиребон мешавад, вале мутаассифона на ҳамаи фарзандҳое, ки ба воя расида бузур мешаванд ба қадри он ҳама азобумашаққатҳо ва он бехобиҳои шабҳои тори зимистони сард кашидаи модар мерасанд. Шоири бузург дар ин бобат гуфтааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Дар ду ҷаҳонаш натавон баркашид.


Худ шоҳиди хамин гуна фарзандҳое будам, ки бо модари худ бераҳмона рафтор мекунанд ва суханони қабеҳ мегӯянд ва ҳатто фарзандҳое ҳастанд, ки ба хотири он ки зиндагӣ вайрон нашавад бо як сухани занаш модарашро аз хона пеш мекунад. Чуноне ки як шиори шоирона ҳаст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.


Дуруст аст, ки мо бояд ба қадри ҳар яке аз он заҳматҳои модар расем. Худо кунад, ки ҳангоме модар аз олам чашм мепӯшад аз ҳар яки мо розӣ бошад, бояд ҳамеша дуои модарро гирем, вагарна Худо медонад ҳоли мо чӣ мешавад. Дар ҷамъбаст мехохам ба он нафароне, ки дар зиндагӣ модари худро қадр накардаанд аз забони шоири бузург Эраҷ Мирзо чанд сатр гуфта бошам:

Писар рав қадри модар дон, ки доим,
Кашад ранҷи писар бечора модар.
Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад,
Зи ҷон маҳбубтар бечора модар.
Нигаҳбонӣ кунад нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз,
Туро чун ҷон ба бар бечора модар.


Ҳасан Қосимов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: