Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ дар ноҳияи Сино

Вохӯрӣ дар ноҳияи Сино

4-03-2016, 07:50
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе № 49 аз 12 феврали соли 2016 «Дар бораи баргузории вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, оид ба таблиғу ташвиқи моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрӣ бо фаъолон ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Сино баргузор гардид, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа- Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рустам Шоҳмурод, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Фарҳод Раҳимӣ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Наргис Раҳмонова, Муҳаммадюсуф Имомзода, Нуралӣ Шоҳиён, Меҳринисо Бобобекова, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҷамшед Саидов, Абдураҳим Холиқзода, Насиба Содиқова, Лутфия Раҷабова, Гулнора Бобоева, Баҳром Абдуалимов, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Носирҷон Салимӣ ва муовини прокурори генералӣ- М. Осимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе- Ҷамила Лангариева, раиси ноҳияи Сино- Ализода Саиднуриддин ширкат варзиданд.

Вохӯрии мазкур аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ гардид ва Абдураҳим Холиқзода- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, масъалаҳои муҳими ҷанбаҳои ҳуқуқидошта марбут ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро баррасӣ намуд.
Дар ин росто, Ҷамшед Саидов низ марбут ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон назари худро иброз намуд. Мавсуф зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси дархосту хоҳиши шаҳрвандон арзёбӣ намуд.

Меҳринисо Бобобекова таваҷҷуҳи ҳозиринро бо шарҳи нуктаҳои забонии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намуда, нуктаҳои муҳимро марбут ба ин масъала шарҳ дод. Номбурда дар поёни суҳбати худ барои болидахотирии аҳли толор дар васфи Ватан аз ашъори хеш шеър хонд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ба масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино барои ташкили чунин вохӯриҳо изҳори сипос намуда, аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Конситутсияро дар мукаммал намудани муҳимтарин масъалаҳои рушди ояндаи кишвар арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки ин тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, барои рушду инкишоф ва таъмини амнияти давлатии Тоҷикистон равона гардидаанд. Дар фарҷом иштироки шаҳрвандонро ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22–юми май баргузор мегардад, зарур дониста, изҳор дошт, ки ширкат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо сокинони Тоҷикистон аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: