
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дирӯз дар ду ҷамоати ноҳия мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ ҷиҳати шарҳу эзоҳи зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин мулоқотҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва вакилони ҳамаи зинаҳо суханронӣ намуда, бандҳои алоҳидаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу эзоҳ дода, ба иштирокчиён моҳият ва муҳтавои асосии раъйпурсии умумихалқиро фаҳмониданд.