Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зиндагии шоистаи ҳамватанон

Зиндагии шоистаи ҳамватанон

3-03-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Зиндагии шоистаи ҳамватанон
Чанде пеш баҳри баррасиву таҳлили Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони пойтахт доир гардид. Аз ҷумла, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон низ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқзода бо устодону донишҷӯёни ин муассиса вохӯрӣ доир намуд.

Диловар Қурбонов- ректори ДСХТ роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ҳарф зада, гуфт, ки Паёми имсола низ мисли Паёмҳои пешин фарогири тамоми самтҳо буда, хатарҳои глобалии сиёсии ҷаҳон дар он яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Зуҳуроти экстремистиву таррористӣ аз омилҳои мудҳиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, ба суботу амнияти кишварҳо таҳдид мекунад. Бояд ҳар як шаҳрванд дар ин маврид андеша намояд ва зиракию бедории сиёсиро аз даст надиҳад. Устодон ва волидайн бояд дар самти тарбияи насли наврас заҳмати бештар харҷ диҳанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ва садоқату матонат ба Ватан тарбия намоянд. Дар Паём беҳуда нест, ки масъалаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим чун ҳамеша масъалаи муҳиму асосӣ арзёбӣ гаштааст. Зеро маорифчиён масъулияти тарбияи насли ояндасозро бар дӯш доранд, ки он таъмингари амният ва рушду инкишофи мамлакат аст.

Сипас Д. Қурбонов - вакили Маҷлиси намояндгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсият ва фаъолияти Абдураҳим Холиқзодаро муаррифӣ намуда, дар мавриди фаъолияти вакил ба ҳозирин маълумот дод.

А. Холиқзода нисбати ҳар нуктаи ин ҳуҷҷати муҳим андешҳояшро баён дошта, тамоми паҳлуҳои онро таҳлили коршиносона намуд. Ӯ аз ҷумла баён дошт, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтавои иқтисодӣ дошт. Зеро ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста барои тамоми сокинон ва рушди тамоми шохаҳои ҳаётан муҳими мамлакатро дар бар гирифта буд. А. Холиқзода роҷеъ ба самти иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи саноату кишоварзӣ рушди бештари соҳаи энергетикӣ, рушди соҳибкорӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ҳарф зада, дар мавриди комёбиҳо ва дастоварҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ҳар шаҳрванде, ки дар ин давлат зинадагӣ мекунад, бояд аз он барои худ чизе бардорад ва дар заминаи он фаъолият намояд. Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба дастодвардҳои кишвар таваҷҷуҳ намуда, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро санаи муҳими таърихӣ номид. Дар муддати 25 соли истиқлолият мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолӣ демократӣ ҷойгоҳу мақоми хешро пайдо намуд.

Қисмати дуюми Паёми Сарвари давлат, - гуфт номбурда ба вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон, ҳифзи амнияту суботи мамлакат бахшида шуда, ҳамагонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин самт корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни ҷомеа афзун намоянд ва ба зиракию бедории сиёсӣ даъват кунем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: