Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа3-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 507 нафар
Назарҳо: 0
Фарҳод Раҳимӣ, академик, Президенти АИ ҶТ. Ман фикр мекунам, ки паёмҳои ҳарсолаи Пезиденти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ аз фаъолияти як солаи ҳукумат ва вазифаҳо барои соли оянда мебошад.
Паёми имсола рӯҳбаландкунанда буд. Новобаста аз оне, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро буҳрони азими иқтисодӣ фаро гирифтааст, ҳукумати кишвар тавонист, ки дар ин давраи буҳронӣ ба ҳамаи мушкилиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда, маҷрои маҳсулоти дохилии кишварро ба қадри 6 фоиз афзун гардонад. Даромади буҷети ҷумҳурӣ иҷро ва нақшаҳои хароҷотӣ барқарор шудааст ва ин гувоҳи он аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазифаи дар соли 2015 бар дӯш доштааш пурра баромадааст. Президенти кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодии кишварро зина ба зина таҳлил карданд ва ба мақомотҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас доданд, ки дар роҳи расидан ба се ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷумла дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба сомон расонида шаванд. Инчунин Президенти кишвар дар Паёми имсола, таъкид карданд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас бояд диққати махсус дода шавад. Ҷавонон бештар ба забондониву забономӯзи ҷалб карда шаванд. Умуман, Паёми имсола дар маҷмуъ масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро фарогир буд ва мо ҳамагон вазифадор ҳастем, ки дар амалӣ шудани он ҳама дастуру пешниҳодоти он ҳиссагузор бошем. Ё. Носиров, раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Панҷ. Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон фарогирии тамоми масоили иктисодиву ичтимоии кишвар аст. Хар нуқтаву дастуру пешниҳодоти Паём ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатхи зиндагии мардуми кишвар равона карда шудааст. Дар оғози Паём Пешвои миллат, Презденти кишвар бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иктисодии сайёра оиди рушди мусбати иктисодӣ, зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, паст фаромадани сатҳи камбизоатӣ ва баргузории як катор маъракаҳои сиёсию фархангӣ, аз ҷумла интихоботи вакилон ба МО ва маҷлисҳои маҳаллӣ, конфронси байнамилалӣ ««Даҳсолаи байнамилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015», 700-солагии мутафаккири Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва 300-солагии Ҳисори бостонӣ қайд карда шуд, ки ин чорабиниҳо бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми моро нишон доданд. Лекин буҳрони сиёсию иктисодии ҷахон бо таъсири манфиаш нишон дод, ки дар соли 2015-ум гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014 18 фоиз, аз чумла содирот 9 фоиз, воридот 20фоиз коҳиш ёфт. Натичаи ҳамин буд, ки қисме аз дастуру супоришҳои дар Паёми соли 2015 баёнгардида, ичро нагардиданд. Лекин Президенти мамалакат дар ин Паём иҷро намудани он ҳама дастуру супоришҳоро дар аввали соли ҷорӣ вогузор намуд. Аз ҷумла зиёдшавии музди меҳнат, соҳаҳои таълим, иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, нафақаи табақаҳои гуногуни ҷомеа соли ҷорӣ аз 15 то 25 фоиз хоҳад шуд, ки ин як иқдоми некест аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон. Дар Паёми имсола ҳамчунин қайд гардид, ки соли 2016 иқтидори иловагии энергетикӣ ба 3000 мегаватт бояд расад. Тоҷикистон, ки чун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, таъмиру навсозӣ ва сохтмонҳои иншоотҳои энергетикӣ ҳамкорияшро идома медиҳад. Ба ин максад Ҳукумати мамлакат соли ҷорӣ 4 миллион сомонӣ чудо намудааст. Бахши кишоварзи низ дар Паёми навбатӣ нақши калидӣ дорад. Таҳлилҳои дар Паём дарҷ гардида нишон доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои ҷумҳурӣ зарур ва фоидаовар мебошад, ки ин айни ҳол қонеъкунанда нест. Ҳоло ҳам аз имкониятҳои истифодаи муносиб нисбати содироти маҳсулоти кишоварзӣ берун аз ҷумҳурӣ истифода бурда намешавад. Ба ин хотир Президенти мамалакат ба шахсони масъули ин соҳа то ҳокимиятҳои маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Хамчунин, Президенти кишвар қайд кард, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ кадрҳои лаёқатманд, мутахассисони соҳаи тиб ва маориф намерасанд. Бо назардошти чунин вазъ ба Ҳукумат ва вазоратҳои дахлдор мамалакат баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуд. Дар ҳошияи охири Паём қайд гардид, ки сиёсати Тоҷикистон ҳамчун сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, ба ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстиро минбаъд низ густариш хоҳад дод. Ростӣ бароям тамоми нуқтаҳои Паёми имсола, ки фарогири масоили зиндагианд, ҳамчун дастуранд ва он ҳама пешниҳодоту масъалагузориҳои Сарвари давлат омиле ҳастанд, ки ба рӯзгори мардум ва таҳкими амнияту бехатарии кишварамон мусоидат мекунанд. Аз ин хотир ба мо зарур аст, ки дар амали шудани дастуру супоришҳои дар Паём дарҷ гардида, баҳри ободӣ ва зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем. Рустам Аҷамӣ, шоир, муҳаққиқ, доктор PHD. Ин хоки пок сурмаи чашмони дӯстест, Ҳар кас надошт ишқи ватан, душмани ман аст. Мурдан дар ин ватан, ки дар он зода гаштаам, Маънои дил накандану дил бастани ман аст. Муҳимтарин нуктаҳоеро, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон дид, мавзӯи рифоҳ ва осоиши мардум ва пешрафту тавсеаи Тоҷикистон аст. Ҳамчунин масъулияти мақомоти муҳими давлатӣ барои омода намудани кадрҳои ҷавон, барои оянда ва рушду пешрафти Тоҷикистон ва тавсеаи иқтисодиву амнияту осоиш ва ваҳдати миллист. Гузашта аз ин, бедорӣ ва ҳушёрии хонаводаҳои тоҷик лозим аст, то дар муқобили «гуруҳҳои ифротӣ», ки имрӯзҳо аз номи ислом истифода карда, ҷавононро дар дарёи ҷаҳл ғарқ намудаанд, истодагарӣ кунанд ва фирефтаи дурӯғҳои онҳо нашаванд. Ин гуфтаҳо аз назари ман муҳимтарин нуктаҳое ҳастанд, ки ҳар фарзанди тоҷик ва дӯстдори ватан бояд онҳоро дар ниҳоди худ амонат ҳифз карда, барои амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон хидмат кунад. Бинобар ин нуқтаҳоеро, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ҳамагон бояд сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар ободониву гул гулшукуфии Ватан чун гулҳои як чаману шохаҳои як тан якҷо бошем. Қосимода Идигул, собиқ ДДЗТ бо номи С. Улуғзода. Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки барои пешбурди ҷомеаи муосири ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон доир ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, сиёсати хориҷию дохилии кишвар, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва бахусус, тайёр кардани кадрҳои ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир, ҳамчунин дар радифи он омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид карданд. Аз ин рӯ мо аз сохтор ва зерсохторҳои донишкада хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати тадбиқи Паёми Президенти кишвар дар мавриди забон омӯзиши кадрҳои ҷавон нақша чорабиниҳо тайёр карда, ҳар чӣ бештар донишҷӯёнро ба пурра аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҷалб намоянд. Ҳар як сохтори донишкадаи мо вазифадор карда шуд, ки аз рӯи нақша-чорабиниҳои тартибдодашуда барои омӯзонидани забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳое, ки имрӯз мавриди ниёз қарор доранд ба корхонаҳо, донишгоҳҳо мактабҳо равона карда шаванд. Инчунин дар донишкада Лингвопарк фаъолият мекунад, ки курсҳои кӯтоҳмуддатро барои соҳибкорон кушодааст. Донишкадаи мо бо бардошт аз таъкиди сарвари давлат ва ҳамзамон дар иҷрои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки кадрҳои хуби забондонро тайёр кунад ва дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисдии кишвар саҳмгузор бошад. Назрӣ Офаридаев, профессор, устоди ДДХ ба номи М. Назаршоев. Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар вақте ба халқи Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар ҷаҳони муосир даргириҳои гуногуни сиёсӣ идома доранд. Паёми имсола он нуктаҳои муҳимеро муайян намуд, ки кишвари мо онро боз як соли дигар бо роҳи пешрафт ва тараққиёт ба кор мебарад. Қабл аз ҳама барои тараққиёти ояндаи иқтисодии Тоҷикистон, саноаткунонии ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани минтақаҳои гуногуни саноатӣ муҳим аст, ки метавонад дар тараққиёти иқтисодии кишвари мо мусоидат намояд. Инчунин қайд гардид, ки ҳоло як қатор корхонаҳои муҳими саноатӣ сохта шуда истодаанд, ки дар оянда иқтидори иқтисодии мамлакати моро баланд мебардоранд. Дар бахши маориф низ вазифаҳое муайян гардиданд, ки ба тарбияи насли наврас ва беҳтар намудани сифати таълим, чӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва чӣ дар мактабҳои олӣ равона карда шуда бошанд. Паёми имсола ба назари банда дастуре буд, ки аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар ба мо пешниҳод гардид ва дилхоҳ инсони комилақл вазифадор аст, ки он ҳама дастуру супоришҳои дар Паём иброзшударо сармашқи кори худ намуда,баҳри ободонию зебогии ватан кушиш намояд. ©Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.