Паёми Сарвари давлат баҳри дастгирӣ ва рушди соҳибкории ватанӣ28-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бо вуҷуди он ки ҳамагон аз Паёми Пешвои миллат тариқи оинаи нилгун бархурдор гардида буданд, дар доираи ҳаммаслакон вале ҳангоми баррасии самтҳои хоссаи Паём, муҳите фароҳам омад, ки он боиси мушаххасгардии вазифаҳои минбаъдаи фаъолони соҳаи матлубот, хизматрасонӣ ва коммуникатсия гардид. Дар ин бобат раиси ТИҲ «Ҷамъияти матлубот»-и ноҳия Ҳамроқул Қӯлдошев ба самъи ҳозирин расонид, ки соҳибкорони мо бояд ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, зеро ин яке самтҳои рушди соҳибкорӣ буда, моро барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар наздик месозад. ![]() ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Ғончӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.