Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд

3-03-2016, 14:15
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии судманд
Тибқи ҷадвали таҳия ва тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар мувофиқа бо Раиси ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева бо сокинони маҳаллаҳои Сурхоб ва Заҳматобод баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Умринисо Казакова Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Гулнора Бобоева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфарраҳ Муҳаббатов вакили маҷиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Иззатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иззатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, Гулнора Бобоева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард. Номбурда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии пешбарандаи ҷомеа дониста, онро ҳамчун санади тақдирсоз ба рушди минбаъаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, самаранок истифода намудани неруҳои зеҳнӣ, дуруст истифода намудани имлои забони тоҷикӣ шуморид. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда имконият медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсия бо ҳуқуқ ва меъёрҳои байналмиллалӣ дар якҷоягӣ такмил ёфта, ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намояд ва шаҳрвандони кишвари мо ба мақсадҳои олии хеш ноил гарданд.

Лутфия Раҷабова раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди Паёми сарвари давлат, асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ин Паёмро дастурамали кории ҳамаи қишрҳои ҷомеа арзёбӣ намуд. Дар рафти суханронии худ аз нуқтаҳои муҳими Паём ёдовар шуда қайд намуд, ки се ҳадафи олии давлату Ҳукумати кишвар ин ба дастовардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад, дар марҳилаи мураккаб гардидани вазъи геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша бедору ҳушёр бошем. Мавсуф қайд намуд, ки ин се стратегияи дар боло зикр гардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра пиёда намуда истодааст.

Дар рафти маҷлис Умринисо Казакова Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иброз намуд, ки бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои итилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба роҳ монанд. Ва бо ин васила барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири бо сифати мконияти бештар фароҳам оварда мешавад. Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳ укумати мамлакат ҳар солгузориш диҳанд.

Дар идомаи суханронии хеш Умринисо Казакова бори дигар таъкид намуд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати бо савод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, рушд кунад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Ва ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиати сарвари давлатро барои аз мактаб дур намондани фарзандон, ҷалб намудан ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунар омӯзии наврасону ҷавонон, ҳам кориро бо мактаб тақвият бахшидан ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намудан расонид.

Вакилон дар анҷоми вохурӣ ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуда, дар ҳиссагузор будани волидон ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори миннатдорӣ намуданд ва иштирокчиён ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: