«ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ МОРО ВОДОР НАМУДААСТ, КИ УСУЛИ КОРАМОНРО ДИГАР КУНЕМ». Посухи Холмурод Раҳмон ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»8-02-2022, 15:44
Хабарро хонданд: 104 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидааст. Аз ҷониби Сарвари давлат ба Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дода шудааст, ки бо мақсади сарфаи об, истифодаи сарфакоронаи оби кишоварзӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо обёрии қатрагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Агентӣ соли равон Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбир имсол кадом корҳо ба анҷом мерасанд? Тағйирёбии иқлим тақозо дорад, ки вазъи обрасонӣ ба замин тағйир дода шавад. Инчунин ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, обёрикунӣ бо усули қатрагӣ яке аз воситаҳои асосии сарфаи об ва аз эрозия нигоҳ доштани замин мебошад. Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон чунин посух дод: “Воқеан, тағйирёбии иқлим моро водор намудааст, ки усули корамонро дигар кунем. Яке аз усулҳои хеле манфиатовар ва муосир, тавре Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, — ин обёрикунӣ бо усули қатрагӣ мебошад. Бартарии асосии он дарвоқеъ сарфаи об аст, ки дар шароити имрӯзаи Осиёи Марказӣ басо муҳим мебошад. Бо ин усул парваришу обёрӣ намудани зироату боғу токзор об то панҷ маротиба сарфа мешавад. Сарфи неруи барқ низ бамаротиб кам мегардад». Ба гуфти мавсуф, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои вилояти Суғд таҷрибаи обёрикунӣ бо усули қатрагӣ торафт бештар доман паҳн мекунад, ки самараи хуб ба бор овардааст. Дар натиҷаи чунин обёрӣ замин аз эрозия эмин дошта мешавад. Як манфиати дигари обёрии қатрагӣ он аст, ки ба ин восита дарахтон бо нуриҳои минералӣ таъмин мегарданд. «Айни замон дар мамлакат тамоми боғҳои навбунёд мувофиқ бо усули обдиҳии қатрагӣ бунёд мегарданд. Чунин тарзи обдиҳӣ намнокиро 65-70 фоиз таъмин менамояд. Дар сурати амалӣ гардидани ин усул кишоварзону боғдорон ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, тақсими хуби об, камшавии шусташавии заминҳои киштшаванда, муқовимат ба ҳама гуна таъсирҳои иқлим, беҳтар намудани сифати маҳсулот, обёрии майдонҳо бо фишори нисбатан ками об дар система, сабук шудани идоракунӣ, хидматрасонӣ, корҳои васлкунӣ ва кам кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳоӣ ноил мегарданд», — гуфт Холмурод Раҳмон . Ба гуфтаи директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, ҳоло дар Тоҷикистон бо кумаки 385 истгоҳи обкашӣ беш аз 280 ҳазор гектар обёрӣ мегардад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат—таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат—таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.