Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

2-07-2020, 11:37
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, ҳамчунин ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру таҷдид гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пойгоҳи мазкур солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шудааст ва 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра пайдо карда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз, инчунин қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав мушкил ба вуҷуд меомад. Ҳамакнун ин мушкил аз байн рафт ва минбаъд тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин мешавад. Зеро 5 агрегати мавҷудаи пойгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, дар ҷойи агрегатҳои фарсуда ду муҳаррик ва ду дастгоҳи обкашии наву замонавӣ насб гардид.

Муҳаррикҳои нав имкони то 20 фоиз сарфа намудани қувваи барқро доро буда, ҳар яки он дар як сония то 1300 литр оби полезӣ интиқол медиҳад. Дар маҷмӯъ иқтидори пойгоҳ дар як сония ба интиқоли 9,2 метри мукааб оби полезӣ баробар мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки тавассути ин пойгоҳ оби полезӣ то се баландӣ, яъне аз пойгоҳи «Деҳмой-1» ба канали магистралии Деҳмой, сипас ба каналҳои Хоҷабақирғон 2 ва 3 таъмин карда мешавад.

Дар заминаи таъмиру барқарорсозии пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1», аз ҷумла насби ду агрегати нав, таъминоти оби полезӣ дар мавзеи Рухак беҳтар мешавад. Дар ин ҷо 400 гектар заминҳои корами ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 210 гектар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан аз сабаби норасоии об қисман кишт мешуданд, шодоб гардиданд.

Имрӯз дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 13 нафар мутахассиси соҳа фаъолият дошта, кафолати тӯлонӣ коршоям будани агрегатҳои он таъмин аст.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, марҳилаи 2 ва Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, марҳилаи 2, ки мақсади татбиқаш беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот дар қисми Тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё тавассути идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мебошад, 100 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин доира пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла таъмиру таҷдиди пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1», ҳамчунин каналу қубурҳои асосии обгузари системаи иригатсионии Оқсу дар ноҳияи Спитамен ва канали Хоҷабақирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмири пурра карда шуд.

Таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани бинои Идораи давлатии беҳдошти замин ва оберии ҳавзаи Зарафшон ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар шаҳри Панҷакент, барқарорсозии 11 пойгоҳи обкашӣ, 20 чоҳи амудӣ, 7 адад сард, инчунин селроҳаҳо, таъмиру таҷдиди 1000 километр ҷуйборҳои дохилихоҷагӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз корҳое мебошанд, ки дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон иҷро гардидаанд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур 80 фоизро ташкил медиҳад.

Ба хотири саривақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, шабакаҳои обгузар ва таъмини пайвастаи оби полезӣ, инчунин беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов як адад техникаи махсуси пуриқтидору замонавӣ туҳфа карда шуд.

Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи дурусти дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда, саривақт ва ҳарчи бештар обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» масъулонро муваззаф намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: