Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози корҳои сохтмони канали обрасонӣ дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз

Оғози корҳои сохтмони канали обрасонӣ дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз

19-08-2020, 11:52
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа канали худҷореъ асосан аз минтақаҳои душворгузар, талу теппаҳо мегузарад ва бунёди он имконият медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ карда шавад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон дар ин замина 247 гектар заминҳои корам, 68 гектар замини боғот бо оби полезӣ таъмин гашта, ҳамчунин 17 гектар замини наздиҳавлигӣ обёрӣ карда мешавад. Дар ин баробар бо амалӣ гаштани тарҳи мазкур 105 гектар замини бекорхобида низ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.

Дар асоси лоиҳаи мазкур ҳамчунин оби полезӣ то ба деҳаи Дашти Луч низ расонида мешавад, ки ин иқдом бешубҳа ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншооти обрасонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва технологияи муосир бунёд гардида, аз сарбанди обгирӣ, иншооти селгузар, қубурҳои зерироҳӣ, дарвозаҳои танзимкунанда ва минтақаи сусткунии фишори об иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки хок ва обу ҳавои минтақаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзиву парвариши ғалладонагӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ мусоид буда, пас аз амалишавии ин тарҳ дар ноҳияи Дарвоз имконият барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мевагӣ бештар хоҳад шуд. Бояд қайд кард, ки бо истифода аз имконоти табиии минтақаи мазкур аллакай дар ҳудуди мавзеи Дашти Луч чанд боғи нав бо усули обёрии қатрагӣ бунёд гардидааст, ки қисмати он дар ҳоли нашъунамо қарор дошта, дарахтони боқимондаи майдони боғот ба ҳосил даромадааст.

Сохтмони канали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида оғоз ёфта, ҳамчунин барои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин иқдоми муҳим барои аҳли башар аст, мусоидат хоҳад кард.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, ин лоиҳаро саривақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: