Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

8-02-2018, 03:43
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 феврали соли 2018 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор намуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9 дар бинои андозсупорандагони калони Кумитаи мазкур, нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 дар бинои марказии ВКД ва нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14 дар Маркази матбуотии «Ховар» гузаронида мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: