Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИСТИФОДАИ ДУРУСТ ВА МАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БОШЕМ

ИСТИФОДАИ ДУРУСТ ВА МАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БОШЕМ

8-02-2022, 07:57
Хабарро хонданд: 10524 нафар
Назарҳо: 2
 ИСТИФОДАИ ДУРУСТ ВА МАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БОШЕМ
Дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба шабакаи интернетро қисми таркибии ҳуқуқи инсон муайян карда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ низ қабул гардиданд.

Гарчанде манфиати интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

Шоиста ба ёдоварист, ки дар кишвари мо аз оғози асри нав интернет рушд намуда, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтанд ва бозори хизматрасониҳои интернетиро ҳамчун манбаи сердаромад ҳадаф қарор доданд. Дар баробари пешрафти технология ва пайдоиши компютерҳои кисагӣ ва телефонҳои ҳушманд шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ ва иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ бештар гардид.

Шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ, ки ҷавонони мо бештар аз онҳо истифода мебаранд, иборатанд аз: «Одноклассники», «Твиттер», «Фейсбук», «В-контакте», «Инстаграм» ва ғайра.

Мушкилӣ аслан дар он нест, ки то кадом андоза кам ё беш аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, мушкилӣ дар ин аст, ки то ҳанӯз як фарҳанги муайян дар мавриди истифодаи дурусти он шакл нагирифтааст. Ин аст манбаи асосии таҳдиду хатарҳо. Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гурӯҳҳои алоҳида созмон дода мешаванд, ки аксарияти онҳо бо номҳои муставор ва пахши иттилооти дурӯғу таҳрифшуда ба қайд гирифта мешаванд.

Қаҳҳоров Искандар

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор

бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Tabatha 17 марта 2022 05:47
It's remarkable designed for me to have a web page,
which is useful designed for my knowledge. thanks admin

Feel free to surf to my website: slotonline
Цитировать          1
Deanna 30 июля 2022 02:06
I got this website from my friend who told me about this website and
now this time I am browsing this web site and reading very informative articles or reviews at this place.


My web page :: leci123.org
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: