ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН7-01-2019, 09:14
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нест, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи ҳалли дурусти пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо пайдо гарданд.Яке аз падидаҳое, ки инсони муосир бе он худро тасаввур карда наметавонад, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри 21 мебошад. Он басифати воситаи асосии иттилоотрасон дар ҷаҳони имрӯз баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар як пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбахои мусбату манфӣ дорад ва ИНТЕРНЕТ низ аз ин истисно нест. Ба ҳайси ҷанбаҳои мусбати Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад инҳо баромад намоянд: 1. Барои робита ва алоқаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдааст. Одамон новобаста аз он, ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо якдигар муошират кунанд. Имруз интернет аҳолии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз кишварҳои дигар пайдо кунад ва бо онҳо дар робита бошад; 2. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ ва муфид интернет имконияти хуберо фароҳам меорад; 3. Шабакаҳои иҷтимоии интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон багуруҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб,адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеънамоянд; 4. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтаниҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани интернет вашабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернетро метавон давом дод. Аммо, дар баробари пешравиҳо ва ҷиҳатҳои мусбат, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба боровардааст, ки сабаби ташвиши давлату ҷомеа гардидааст.Тибқи тадқиқоти сотсиологӣ дар як рӯз 33,3% истифода барандагон, махсусан ҷавонон аз 5 то 6 соат вақти худро беҳуда дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин на ба маънои касбият, ё шуғли ҳаррӯзаи онҳо, балки вобастагии зиёд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Вақт гузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами ҳақиқӣ яке азпаёмади манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Инмушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳидамегардад. Дар ин ҷо бемаъсулиятии волидон низ дида мешавад, зеромаҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки онҳо бо чӣ кор машғуланд,кадом иттилоотро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робита ҳастанд? Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди рушду пешрафти техника ва техналогияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Имрӯзҳо ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва миқдори маълумоти зиёде, ки дар худ дорад, на ҳамаи онҳо дурусуту беғараз буда, боиси нигаронӣ ва дар аксари вақт хатар эҷодмекунанд. Маълум аст, ки солҳои охир гурӯҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фику ақидаҳои ифротиии худротарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷрибаи кишварҳо ва махсусанҶумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон бавоситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гуруҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, имрӯзҳо аз хориҷи кишвар ақидаҳоинопоки худро мехоҳанд бар сари ҷавонон бор кунанд. Аз ин рӯ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон вадар онҳо баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдустӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод. Фирӯзи Рамазон, корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.