ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ3-01-2019, 09:10
Хабарро хонданд: 504 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат буда, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолии он ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа хеле зиёд аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат фармудаанд: « Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.» Аз ин суханони Президенти кишвар бармеояд, ки ҷавонон дар назди давлату миллат масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тақдири ояндаи миллатро ба он ҷавононе метавон вогузор кард, ки дар ҳақиқат ватандӯсту худогоҳ, соҳиби донишу малакаи мутобиқ ба замони муосир ва аз ҳама муҳим, ғурури миллию зиракии сиёсӣ дошта бошанд. Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандустиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ, ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд. Танҳо бо дарки баланди худшиносии миллӣ моро муяссар мегардад, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшем. Чунки ҷаҳони зудтағирёбанда бо худ равандҳои сиёсӣ, падидаҳои ҷадид, мушкилоти гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор овардааст, ки хоҳу нохоҳ ба тафаккури ҷавонони кишварҳо, махсусан давлатҳои миллӣ, таъсир хоҳад гузошт. Чун кишвари ҷавони мо Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нест, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи ҳалли дурусти пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо пайдо гарданд. Яке аз падидаҳое, ки инсони муосир бе он худро тасаввур карда наметавонад, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри 21 мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоотрасон дар ҷаҳони имрӯз баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар як пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбахои мусбату манфӣ дорад ва ИНТЕРНЕТ низ аз ин истисно нест. Ба ҳайси ҷанбаҳои мусбати Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад инҳо баромад намоянд: 1. Барои робита ва алоқаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдааст. Одамон новобаста аз он, ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо якдигар муошират кунанд. Имруз интернет аҳолии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз кишварҳои дигар пайдо кунад ва бо онҳо дар робита бошад; 2. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ ва муфид интернет имконияти хуберо фароҳам меорад; 3. Шабакаҳои иҷтимоии интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гуруҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд; 4. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернетро метавон давом дод. Аммо, дар баробари пешравиҳо ва ҷиҳатҳои мусбат, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши давлату ҷомеа гардидааст. Тибқи тадқиқоти сотсиологӣ дар як рӯз 33,3% истифодабарандагон, махсусан ҷавонон аз 5 то 6 соат вақти худро беҳуда дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки ин на ба маънои касбият, ё шуғли ҳаррузаи онҳо, балки вобастагии зиёд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами ҳақиқӣ яке аз паёмади манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемаъсулиятии волидон низ дида мешавад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки онҳо бо чӣ кор машғуланд, кадом иттилоотро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робита ҳастанд? Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди рушду пешрафти техника ва техналогияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Имрӯзҳо ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва миқдори маълумоти зиёде, ки дар худ дорад, на ҳамаи онҳо дурусуту беғараз буда, боиси нигаронӣ ва дар аксари вақт хатар эҷод мекунанд. Маълум аст, ки солҳои охир гурӯҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фику ақидаҳои ифротиии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷрибаи кишварҳо ва махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гуруҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, имрӯзҳо аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд бар сари ҷавонон бор кунанд. Аз ин рӯ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва дар онҳо баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдустӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод. Фирӯзи Рамазон, корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.