ПАЁМ - РОҲНАМОИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ28-12-2021, 08:22
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. 22 – декабр Паёми навбатии Пешвои миллат -Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони ВАО, ҷавонони фаъол ва дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар ироа гардид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон аз созандагиву бунёдкориҳое, ки ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба амал омаданд, сухан карда, соли 2021- ро барои мардуми тоҷик соли бобарор унвон карданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 30 - солагии Истиқлолияти кишварро 30 – соли ободонию созандагӣ номиданд. Дар ҳақиқат сокинони мамлакат таҳти роҳбарии шахсияти бузурги таърихи навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 – соли соҳибистиқлолӣ ба созандагиву ободонӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ноил гардиданд. Боиси зикр аст, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 2500 - иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Президенти мамлакат аз ҳодисаҳои солҳои 1992 – 1993 ёдрас гардида, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати пойдории Истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқ давра ба давра пешравиҳои назаррас ба амал омадаанд. Қайд гардид, ки бо талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми шарифи тоҷик мо тавонистем ба амалисозии ҳадафҳои худ бирасем. Бо мақсади таъмини ҷойҳои корӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст. Дар Паёми имсола Пешвои миллат солҳои 2022- 2026- ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд. То 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси амалишавии “Солҳои рушди саноат” бояд 500 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёбад. Ба ин васила сатҳи камбизоатӣ то 15% коҳиш дода мешавад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон дар бораи таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, тарбияи фарзандон, асолатмандӣ, дурӣ аз тақлиду бегонапарастӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона суханронӣ карданд. Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини озуқаворӣ суханронӣ карда, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат арзи сипос намуданд. Дар ҳақиқат ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, кишоварзон тавонистанд аҳолии мамлакатро бо ғизои босифати худӣ таъмин намоянд. Бо мақсади солимии ҷомеа Пешвои миллат қайд карданд, ки аҳолии мамлакат то имрӯз 60% бар зидди бемории сироятии коронавирус эм гузарониданд. Таъкид карда шуд, ки баҳри солимии худ мо бояд эмгузарониро пурра дар муҳлатҳои наздик ба анҷом расонем. Дар Паёми имсола Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳадафи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меравад. Дар ин росто музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, хизматчиёни ҳарбӣ, нафақаи маъюбон аз 1 июли соли 2022 зиёд карда шуд. Дар шароити муосири геополитикӣ муҳимтарин вазифаи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ин мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва тафриқаандозиву бегонапарастӣ мебошад. Дар меҳвари арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ меистад. Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Истиқлолият мебошад. Тамоми сокинони кишвар аъзои як оилаи бузурганд ва Ваҳдати миллӣ дар муттаҳидии ҳамаи аъзои ҷомеа ба вуҷуд меояд. Пешвои миллат роҳи расидан ба ваҳдати комили миллиро роҳи пурпечутоб ва сангини оғози соҳибистиқлолӣ номид. Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион гурезаҳо кори саҳлу осон набуд. Маҳз бо хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезагон ба Ватан баргардонида шуда, ба корҳои барқарорсозии манзил ва зиндагии орому осуда фаро гирифта шуданд. Афзалияти Паёми имсолаи Пешвои миллат аз Паёмҳои қаблӣ дар он аст, ки вазифаҳои асосӣ то соли 2026 муайяну мушаххас карда шуданд. Ҳангоми баромади худ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар робита ба давлатҳои дуру наздик сиёсати “Дарҳои кушода” идома ёфта, Тоҷикистон ҳамеша омодааст ба тамоми давлатҳои сайёра ҳамкориҳои судманди иқтисодию сиёсиро тақвият бахшад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба аҳли толор хеле самимона муроҷиат карда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон дастуру ҳидоятҳо доданд. Гадоӣ Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.