Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми нурбахш ба фардои дурахшон

Паёми нурбахш ба фардои дурахшон

25-01-2019, 09:33
Хабарро хонданд: 619 нафар
Назарҳо: 0
Паёми нурбахш ба фардои дурахшон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷии мамалакат дар соли 2018 ибрози андеша намуда, ин солро таърихӣ унвон намуданд.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузошт, ки мо ҳизбиён метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем.

Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмтае ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаълияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Дар баробари се ҳадафи стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар гузошта шуд, ки тақозои замон аст. Имрӯз барои амалишпавии ин стратегия дар кишвар тамоми заминаҳо, чи ҳуқуқӣ ва чи иқтисодиву истеҳсолӣ мавҷуданд.

Пешниҳоди Сарвари давлат, Раиси муаззами ҳизб ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ қарор додани саноатикунонии босръати кишвар идомаи мантиқии заминаҳои истиқлолияти энергетикӣ буда, ба беҳбудиии харчи зудтари дигар соҳаҳои хоҷагидории кишвар мусоидат мекунад ва дар ин росто таъкид намуданд, ки то соли 2030 амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ амалӣ хоҳад гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Сарвари давлат бо таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳсозии зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар ин росто пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарсола муҳимтарин марҳалаҳои рушд, омилҳои пешрафт ва дурнамои ояндаи мамлакатро фаро гирифт. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи Сарвари давлат пеш аз ҳама ба падидаҳои фарҳангӣ ва таърихии халқ ва дар ин замина рушд бахшидани деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуд.

Пешвои миллат дуруст тазаккур доданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаи муосир, оину анъанаҳо дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида таваҷҷуҳи нек зоҳир гардид.

Нуқтаи муҳимме, ки дар ин самт баён доштанд, ин ба феҳристи моддиву ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани як қатор иншоот ва дастовардҳои таърихии фарҳангиамон, аз ҷумла Чакан ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500 солагии шаҳри қадимаи Саразм мебошад.

Таъкид шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати истиқболи шоёни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ илова ба сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инунин мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан деҳот бояд ҳал карда шавад.

Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар саҳми арзанда мегирем. Зеро меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарафарозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад.

Дар партави Паёми Пешвои миллат соли 2019-ро барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон кардани Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ идомаи мантиқии ҳамин ташаббускориҳост.

Боиси қайд аст, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии Кумитаи иҷроияи дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, ба ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат ва Роҳбарияти Олии ҲХДТ мувофиқ буда, татбиқи он то соли 2021 идома дода мешавад, то аз ин роҳ саҳми бештари мардумро ҷихати ободонӣ ва рушди деҳот таъмин созем.

Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Паём бори дигар Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори борикбин, сиёсатмадоре, ки такя ба воқеият мекунад, нишон дод. Муроҷиати Пешвои миллат ба халқи шарафманди Тоҷикистон собити ин гуфтаҳост, ки иброз намудааст: “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.





Каримҷон Файзиев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: