Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саноатикунонии босуръати кишвар ӽадафи чоруми миллӣ

Саноатикунонии босуръати кишвар ӽадафи чоруми миллӣ

28-01-2019, 10:33
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Саноатикунонии босуръати кишвар ӽадафи чоруми миллӣ

Паёми Асосгузори сулҳу ваӽдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш ироа гардид, чун Паёмӽои қаблӣ барои мо, кормандони ӽизбӣ ва аъзои ӽизбу ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст. Бояд тазаккур дод, ки Паёми навбатии Пешвои миллат низ чун Паёмӽои қаблӣ аз таӽлилу хулосабарориӽо, дастурӽои навину вазифагузориӽои оянда саршор буда, моро ба корнамоиӽои нав ба нав ӽидоятгаранд. Пешвои миллат дар Паёмашон дастовардӽои мардуми кишвар, соӽаӽои хочагии халқро хеле самимӣ таӽлил намуда, пешниӽоду маслиӽатӽои навро пеши мо, аъзои Ӽизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва умуман, мардуми Тоҷикистон вогузор намудааст.

Пешвои миллат, Президенти Чумӽурии Тоҷикистон дар Паёмашон изӽор доштанд, ки ӽадафӽои дар Паёмӽои қаблӣ пешбинишуда-раӽоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ амалан таъмин гардиданд ва вобаста ба тақозои замон, бо дарназардошти аӽамияти соӽаи саноат дар ӽалли масъалаӽои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойӽои корӣ пешниӽод намуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ӽадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва таъкид намуданд, ки то соли 2030 ӽиссаи саноат дар маҷмȳи маӽсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Вобаста ба дастури Пешвои миллат баробари роӽбарони масъул ӽамчунин мо, аъзои ӽизб, аз ҷумла соӽибкорони муваффақро лозим аст, ки баӽри амалӣ гардонидани вазифаи навбатӣ дар кори таъсиси корхонаӽои саноатӣ, таъсиси ҷойӽои нави корӣ саӽм бигиранд.

Дар баробари ин, чуноне ки Сардори давлат зикр намуданд, бояд давоми се соли охир ӽаҷми воридоти маводи хӯрока наздики се миллиард 31 фоиз кам карда шавад. Чунин вазифагузорӣ хеле бамаврид аст. Чаро ки мо метавонем аз маӽсулоти пастсифату ғайристандартии хориҷӣ, ки бебаркаш ба кишвар дохил шуда, мавриди истеъмол мегардад, худдорӣ менамоем. Истеӽсоли маводи ғизоии худӣ, хушсифату табиӣ буда, барои истифода мувофиқат мекунад, метавонад ба беӽдошти саломатӣ, сиӽатии мардум таъсири мусбат расонад. Дар ин бахш хоҷагидорон, кормандони соӽаи саноати хȳроквории мамлакат метавонанд, саӽми муносиб гузоранд.

Аз рақамӽои таӽлилӣ чуноне бар меояд, истеӽсоли маводи хȳрока, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо –пиёз, картошка, сабзӣ ва ғайра на танӽо дар ноӽияи мо, балки дар саросари кишвар зиёд гардидааст,ки инро бори дигар пастии нархи бозор, фаровонии маӽсулот дар бозорӽо шаӽодат медиӽад. Вале имрȳз имкониятӽо боз ӽам зиёданд ва истеӽсолкундагони мо метавонанд, ин фаровониро боз ӽам афзун гардонанд.

Баробари масъалаӽои иқтисодиёту иҷтимоиёт Пешвои миллат ба масъалаи хеле муӽими рӯз таълиму тарбияи фарзанд, риоя намудани қонунӽои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар ин бахш падару модарон аӽамити ҷиддӣ дода, дар кори омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, ӽидоят намудани онӽо ба роӽи дурусти зиндагӣ эътибори ҷиддӣ диӽанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ӽалли ин масъала на танӽо падару модарон, балки ташкилотӽои ҷамъиятӣ, ӽизбу харакатӽои мавҷуда низ бояд кори зиёдеро амалӣ намоянд. Аз ҷумла мо, кормандони Ӽизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишондодӽои Сардори давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ӼХДТ-ро дастури кории ӽаррȳзаи худ қарор дода, баӽри амалӣ гардонидани онӽо тамоми кȳшишу ғайрати худро равона хоӽем кард. Аллакай Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ аз рȳи дастуру супоришӽои Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон нақша-чорабинии мушаххас тартиб дода, аз рȳи он амал менамояд. Ва барои амалӣ гардонидани он Кумитаи иҷроия гурӯӽи махсуси таблиғотӣ тартиб додааст, ки он байни коллективӽои меӽнатӣ, сокинони маӽаллаӽо суӽбату вохӯриӽо гузаронида истодаанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки сокинони ноӽия, аъзои ӽизб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориӽои Пешвои миллат, ӽалли масъалаӽои дар пешистода, бо масъулияти баланд кору фаъолият хоӽанд кард.





Сафарова Ӽафиза- раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: