ПАЁМ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ27-12-2021, 07:08
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
АНДЕША. Инак, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Гарчанде ин Паём ба ниҳоди Олии қонунбарори кишвар ироа мегардад, вале он ба ҳамаи соҳаҳои мухталифи давлатӣ, самти иқтисодию иҷтимоӣ соҳаҳои хоҷагии халқ низ нигаронида шудааст.Ҳамчунин ин Паём барои қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихору шарафмандӣ мебошад. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарифи Тоҷикистон бесаброна интизор буданд. Зеро дар Паём Пешвои миллат, тамоми дастовардҳои 30-соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, пешравию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми мардуми кишвар мерасонанд.Инчунин, дар Паём Пешвои миллат стратегия, нақшаву барномаҳо ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли оянда муайян месозанд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари олам, Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаи дипломатӣ ва ҳамкории зич дошта, чун пештара сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дарҳои боз боқӣ мемонад. Вобаста ба ҳамин метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳар як хизматчии давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаҳои мухталифи ҷомеа як дастурамали намунавии корӣ, барои як соли оянда мебошад. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон характери иҷтимоиву иқтисодӣ дорад. Чун ҳарсола Пешвои миллат барои беҳтар гардидани шароити зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, диққати асосиро ба соҳаи маорифу тандурустӣ равона намуданд. Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, ки дар 30-соли даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 3240 адад муассисаҳои таълимии муосир сохта ба истифода дода шудааст, ки дар замони 70-соли ҳокимияти шӯравӣ ин шумора 4500 ададро ташкил медод, ки аксари онҳо ҷавобгӯи талаботи таълимӣ набуданд.Сарвари давлат ба қишри осебпазири ҷомеа доимо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам аз ҳолу аҳволи онҳо бевосита хабардор гардида, кумакҳои доимии худро мерасонанд. Далели чунин гуфтаҳо ин мебошад, ки аз 1-июли соли 2022 нафақаи кӯдакони ятими кулл ва нимятим 25% зиёд карда мешавад. Дар ин давра музди меҳнати ҳадди ақал 50% зиёд карда шуда, ба 600 сомонӣ баробар карда мешавад. Асоси пешрафти ҳар як мамлакатро соҳаи саноат ва содироти маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад. Пешвои миллат дар ин Паёмашон ба ҳар як соҳибкори бонангу номуси мамлакат, ки корхонаҳои саноатиро бунёд карда дар пешрафти соҳаи саноат саҳми арзандаи худро гузоштаанд, изҳори миннатдории худро баён намуданд. Барои боз ҳам тараққӣ кардани соҳаи саноати ҷумҳурӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, Пешвои миллат солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дилхоҳ соҳа кору фаъолият менамояд, бояд кӯшиш кунад, ки он ҳадафу маром ва барномаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон баён доштанд, каме ҳам бошад дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми худро гузоранд. Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.