Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ - ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОҶТ)

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ - ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОҶТ)

27-12-2021, 07:03
Хабарро хонданд: 137 нафар
Назарҳо: 0
ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ  - ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МОҶТ)
АНДЕША. Дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат дар сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат чораҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Имсол ҳам дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зеро ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар дар беҳбуд бахшидани зиндагии мардум нақши муассир гузошта, барои пешрафти ҷомеа низ мусоидат мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола барои боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо, маоши кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, супориш доданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ба буҳрони молиявию иқтисодӣ гирифтор шудани тамоми сайёра ва паст шудани истеҳсолоти озуқаворӣ таъкид намуданд, ки мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем. Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад ва дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Солеҳова Назокат, мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: