Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТОЛИБ ВА НАСРОНӢ

ТОЛИБ ВА НАСРОНӢ

1-11-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
ТОЛИБ ВА НАСРОНӢ
Яке аз ҷангҷўёни гурўҳи Толибон мошинеро боздошт, ки дар он марди насроние бо ҳамсару фарзандони худ равон буданд.
Марди силоҳбадаст аз ронандаи насронӣ пурсид:
- Шумо мусалмонед?
Насронӣ:
- Бале, мо мусалмонем!
Ҷангҷў:
- Агар мусалмон бошӣ, пораеро аз Қуръон қироат кун!
Насронӣ бидуни андеша аз китоби Инҷил пораеро бо садои баланд қироат намуд.
Ҷангҷўи Толибон гуфт:
- Мошаллоҳ, иҷозат доред биравед!
Баъди каме дур шудан аз назди ҷангҷўи гурўҳи Толибон, ҳамсараш ба мард хитоб намуд:
Боварам намеояд, ки ту чӣ гуна тавонистӣ ҷони моро дар хатар бимонӣ. Чаро ба ў гуфтӣ, ки мо мусалмонем? Агар насронӣ будани моро пай мебурд, ҳамаамонро қатл мекард.
Мард ба ҳамсараш гуфт:
- Парво накун, инҳо ба ислом рабте надоранд, агар инҳо Қуръонро медонистанд, одам намекуштанд!


Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: