Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар як зан пуштибоне дорад

Ҳар як зан пуштибоне дорад

11-05-2021, 17:30
Хабарро хонданд: 609 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар як зан пуштибоне дорад
Мо волидон барои хушбахтиву осудагии фарзандон ба ҳама кор қодирем. Баъзан мо қобилияти болиданро фаромӯш месозем ва баъзан ба фарзандон низ имконияти боз кардани қанотро намедиҳем. Тафовут танҳо дар он аст, ки фарзадонамонро хеле зиёд дӯст медорем, хусусан падарон аз писарон дида, духтаронашонро зиёдтар дуст медоранд, зеро онҳоро ба қавле «паршикаста» мегўянд. Яъне ин маънои онро дорад, ки духтар хеле нозук аст ва ҳамеша ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Ҳамаи чизро зуд дарк мекунад.

Марде бо ҳамсараш бисёр зишт муносибат мекард ва баъзан ӯро лату кӯб менамуд. Онҳо духтаре доштанд, ки мард ӯро бисёр дӯст медошт ва ҳамеша бо ӯ шухӣ ва бозӣ мекард. Рӯзе, ки ин падар ва духтар дар ҳоли бо ҳам шухӣ ва бозӣ буданд, зан аз шавҳараш пурсид:
— Агар рӯзе духтарамонро ба шавҳар додем ва Худое накарда шавҳараш азияташ кунад, чӣ кор мекунӣ?
Мардро чеҳрааш тағйир ёфт ва гуфт:
— Агар ба духтарам даст бардорад, ӯро мекушам.
Баъдан ҳамсараш бо лаҳни маъсумона гуфт:
— Ман ҳам духтари марде ҳастам, ки бисёр дӯстам медорад.

Ҷазои ҳар як шахсе аз амалаш вобастагӣ дорад. Агар дар баробари мавриди азият қарор гирифтани духтаратон аз ҷониби шавҳараш раги ғайрататон баланд шуда нороҳат ва асабӣ мешавед, бидонед ҳамсаратон духтари марде буд, ки ин гуна дӯсташ медошт. Тақвои Худовандро риоят кунед. Пушти ҳар зане падари меҳрубоне ҳаст, ки духтарашро ба шумо амонат додааст. Пас амонатдори хуб бошед.
Паёмбар (с) фармуданд: "Касе, ки амонатдор нест, дин надорад"
Дар ҷойи дигар фармуданд: «Мӯъминтарин мусулмон боахлоқтарини онҳост ва беҳтарини шумо касе аст, ки бо ҳамсараш некӯӣ дошта бошад».
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: