Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷанг дар Бағлон: Шикаст ва фирори “Толибон”

Ҷанг дар Бағлон: Шикаст ва фирори “Толибон”

20-09-2021, 08:49
Хабарро хонданд: 93 нафар
Назарҳо: 0
Ҷанг дар Бағлон: Шикаст ва фирори “Толибон”

Бино ба гузоришҳо, субҳи якшанбе дар вилояти Бағлон ҷанг миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва “Толибон” оғоз шуд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба маълумоти манобеъи худ хабар дод, ки ҷангҷӯёни “Толибон” бо талафоти зиёд маҷбур шудаанд, аз ин мавзеъ ақибнишинӣ кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷанг миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва ҷангҷӯёни “Толибон” дар мавзеи Пули Ҳисори водии Андароби Бағлон, вилояти ҳамсоя бо Панҷшер, шуруъ шуд:

“Бо додани талафот “Толибон” маҷбур шудаанд, ин мавзеъро тарк кунанд, вале ҳанӯз даргириҳо идома дорад”, - гуфта манбаъ.

“Ёздаҳ ҷангҷӯи толиб кушта, чанд нафари дигар маҷруҳ шуданд”, - гуфтааст манбаъи РИА Новости дар ин вилоят.

Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёни толиб ба иҳотаи неруҳои Ҷабҳаи муқовимат афтода, талафоти зиёд доданд.

Аз ин қабл фармондеҳи маҳаллӣ Хайрмуҳаммади Андаробӣ бо тарафдоронаш дар як видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, аз озод шудани се ноҳияи ин минтақа хабар дод. Вай “Толибон”-ро ҳушдор дод, ки ҳамин гуна дар ҳамаи вилоят онҳоро шикаст хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд бо нашри паёме сабтшудае гуфт, овозаҳо дар бораи фирораш асос надошта, муқовимат бо “Толибон”-ро идома медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: