Толибон сеюмин ноҳияи Афғонистонро ишғол карданд26-07-2017, 09:34
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Ҷангиёни ҳаракати Толибон дар ҷануби Афғонистон боз як ноҳияи дигарро ишғол карданд. Ноҳияи Ҷонихейли вилояти Пактиё дар марзи Покистон баъди ҷангҳои шадиди рӯзҳои ахир суқут кардааст. Раиси Шӯрои вилоятӣ Сардорхон Малангзай гуфт, Ҷонихейл субҳи 25 июл, баъди даргириҳои густарда дар маркази ноҳия ба дасти Толибон афтод. Сухангӯи раҳбари пулиси вилоят мегӯяд, ки маркази ноҳия ҳанӯз таҳти назорати нирӯҳои амниятӣ аст, вале задухӯрдҳо идома доранд. Ҷангҷӯёни Толибон қароргоҳи ҳукумат, ситоди пулис ва бемористонро оташ задаанд. “Ҳар ду тараф ҳам хисороти зиёд дидаанд”, - афзуд Малангзай. Толибон бо пахши як изҳорот гуфт, тамоми ноҳияро ишғол кардаанд. Онҳо 23 июл ноҳияи Тайвар дар вилояти Ғӯр ва ноҳияи Кӯҳистон дар вилояти Форёби Афғонистонро ҳам ишғол намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.