Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Толибон шарҳ доданд, ки чаро онҳо ба Панҷшер садҳо ҷангиёнро фиристодаанд

Толибон шарҳ доданд, ки чаро онҳо ба Панҷшер садҳо ҷангиёнро фиристодаанд

24-08-2021, 14:54
Хабарро хонданд: 173 нафар
Назарҳо: 0
Толибон шарҳ доданд, ки чаро онҳо ба Панҷшер садҳо ҷангиёнро фиристодаанд


/АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»* садҳо ҷангҷӯёнро бо мақсади дар кишвар ҷорӣ кардани низоми ягона ба вилояти Панҷшер фиристод, зеро ин қаламрав то ҳол ягона қисмати Афғонистон аст, ки онро ҷангиён назорат намекунанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», намояндаи дафтари сиёсии «Толибон» Муҳаммад Наим дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Ал-Ҳадас» хабар дод.

«Ҳадафи мо муттаҳид кардани кишвар аст, ҳеҷ гуна низомҳои гуногун наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Бо вуҷуди ин, баъзеҳо мушкилӣ мехоҳанд. Агар мушкилотро бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кардан имконпазир набошад, роҳи охирин ҷанг аст»,-гуфт Наим.

Толибон ба раҳбари муқовимати Панҷшер Аҳмад Масъуд шарт гузоштанд. Вай бояд дар тӯли чаҳор соат ба «Толибон» таслим мешуд. Вале қумандони саҳроӣ инро рад кард. Ҳазорон нафар ҷонибдороне, ки аз забти қудрат дар кишвар аз ҷониби ифротгароён норозиянд, ба назди ӯ меоянд.

Масъуд таслим шуданро рад карда, хостори ташкили ҳукумати «фарогир» шуд. Вай ҳушдор дод, ки агар толибон муколамаро дастгирӣ накунанд, ҷанг дар кишвар ногузир хоҳад буд.

Тавре ки Life хабар додааст, 15 август ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии «Толибон» вориди Кобул шуда, назорати тамоми қаламрави Афғонистонро эълон карданд, парчами худро дар болои кохи раёсатҷумҳурӣ бардошта, поёни ҷангро эълон намуданд. Сарвари давлат Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Пас аз он дар пойтахт воҳима сар шуд, одамон кӯшиш мекарданд, ки аз шаҳр гурезанд, баъзе кӯшишҳо бо фоҷиа анҷом ёфт. Дар ин замина, аз президенти ИМА Ҷо Байден интиқод карданд, ки аз хурӯҷи неруҳояш аз Афғонистон хабар дод. Аз ҷумла, роҳбари собиқи Амрико Доналд Трамп вазъи Афғонистонро яке аз бузургтарин шикастҳои Амрико ва фирори низомиёнро аз ин кишвар — таслимшавӣ номид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: