ПАРЧАМБАРДОРОНИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ24-11-2021, 11:30
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
24 ноябри соли равон дар муассисаи таълимии томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои кушоди идона баргузор гардид. Нахуст ингуна машғулият дар гурўҳи омодагии томактабӣ, ки мураббияаш Парвина Худоиева мебошад, ҷараён гирифт. Тарбиятгирандагони гурўҳ дар ҳузури меҳмонон- падарону модарон, роҳбарияти муассиса ва мураббияҳои гурўҳҳои дигар барномаи идонаи ҷолиби худро намоиш доданд. Бачаҳо бо ҳисси ватандўстӣ машғулиятро аз иҷро кардани Суруди миллӣ шуруъ намуданд. Аз посухҳои бачаҳо ба саволҳои мураббия П. Худоиева маълум гардид, ки онҳо дар бораи моҳияти Парчами давлатии Тоҷикистон тасаввуроти хуб дошта, онро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии кишвару давлатдории тоҷикон ва соҳиби фарҳанги воло будани миллатамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Писаракону духтаракони хушсарулибос бо рўҳи болида ва самимияти ба хурдсолон хос расмҳои зебои Парчами миллиро дар варақаҳо кашиданд, дар васфи Асосгузорисулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизамон, Парчам, шаҳри Душанбе шеърҳо аз ёд гуфтанд, суруданд ва рақсиданд. Умуман, ҷииду ҷаҳд карда, барномаи тарҳрезишудаи худро пурра ба ҳозирин намоиш дода, сазовори қарсакзаниҳо ва офаринхонии онҳогардиданд. Мудири муассиса Бунафша Аблураҳмонова, сармураббӣ Марҳабо Кудратова ва мураббияҳо таъкид намуданд, ки ҳамаи тарбиятгирандагони гурўҳ дар машғулият фаъолона иштирок карда, донишу маҳорати хуби худро зоҳир карданд. Раиси маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Фирдавсӣ Зебо Исоева аз номи сокинони маҳалла, ки фарзандону наберагонашондар кўдакистони мазкур таълиму тарбияи ҳаматарафа мегиранд, изҳори қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ кард. Бачаҳо машғулиятро бо суруди «Садоқат», ки меҳру муҳаббат ва содиқ будани насли наврасро ба Ватани азизамон –Тоҷикистон васф менамояд, ҷамъбаст карданд. Он рўз машғулиятҳои идона пайи ҳам дар гурўҳҳои дигари кўдакистони №72, ноҳияи Фирдавсӣ то бегоҳ ботантана баргузор шуда, дар дили ҳама хотироти нек боқӣ гузошт. ДАР АКСҲО: лаҳзаҳои машғулияти идона дар кўдакистон. Эмомалӣ НАЗАРОВ, сармуҳаррири маҷаллаи «Субҳи умед»-и МҶТМ назди Вазорати маориф ва илми ҶТ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.