Ҳамоиши «Созандагони ватан» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ20-11-2015, 12:44
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
Зимни чорабинӣ, ки дар руҳияи озоду созгор баргузор гардид, ба донишҷӯён оид ба ҳадафҳои шуми стратегии ҳизбу гурўҳҳои экстремистию террористӣ гуфта шуда, омилҳои таъсиррасон ба тафаккури ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз ин таъсирҳои манфӣ баён шуданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Рўзи Парчами давлатӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки нисбат ба ин рамзи давлатӣ, ки омили муттаҳидкунандаи миллат аст, эҳтиром дошта бошем.
ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки чунин чорабиниҳоро дар ҳамаи макотиби олии пойтахт баргузор намуда, 20 ноябри соли равон бахшида ба масъалаи доғи рӯз- ифротгароӣ мизи мудаввар доир намуда, омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароии ҷавононро ба хотири дарёфти механизми минбаъдаи корбарӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.