Ҳар пагоҳ кўдакони зиёдеро муассисаҳои томактабӣ ба оғўш мегиранд. Ҷойе, ки модаронро мураббияҳо иваз мекунанд. Ҳамон ҷойе, ки дар рўзҳои аввал кўдакони ба шароити хонаю бо модарон унсгирифта намехоҳанд бимонанд, аммо бо гузашти андак вақт ҳамин кудакон мехоҳанд зиёдтар онҷо бошанд. Мураббияҳо гоҳе баробари модар ба кўдакон наздику азиз мешаванд. Боғчаҳои кўдакон, ширхоргоҳ – кўдакистонҳо яке аз нишонаҳои зиндагии шаҳриёна аст.
Гуландом Бўрихонова, мураббияи Ширхоргоҳ –кўдакистони №159, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аст. Аз соли 2009 коргоҳаш инҷост. Солҳои авали кор мураббии гурўҳи кўдакони хурдсол буд, ҳоло 25 кўдаки гурўҳи калони томактабиро тарбияту омўзиш медиҳад. Дар иҷрои вазифаҳое, ки бар дўш дорад, таҷрибаи кори чандсола ва дониши андўхтааш дар Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С.Айнӣ мадад мерасонад. Ў 5 сол пеш бахши ғоибонаи онро бо ихтисоси «педагог – психолог» хатм кард.
- Яке аз фарқиятҳои боғчаи бачаҳо аз мактаб ин аст, ки мо бо кўдакон дар марҳалаи нахусти рушд кор мекунем. Дар машғулиятҳои рўзмара мо омўзишро ба шакли бозӣ доир мекунем, - мегўяд ў.
Мураббия барои мисол сенарияи машғулияти тарбияи ҷисмониро нишон медиҳад, ки дар ҳавои кушод мегузаронад.
Мақсад аз ин машғулият аз як сў тарбияи чолокии бачаҳо, ёд додани бозӣ бо чанбаракҳо, ҷаҳиш, ба дур ҳаво додани халтачаҳои регдор бошад, аз сўи дигар ошно кардан бо шумораҳо ва математикаи ибтидоист.
Сипас мураббия шарҳ дод, ки дар яке аз машғулиятҳо пас аз машқи сабук бозии «Гунҷишкакҳо» иҷро мешавад.
- Барои ин бозӣ, ки дар майдон мегузарад, даврае бо қутр (диаметр) – и 5-6 метр мекашем ва кўдакон дар нақши гунҷишкон гирди давра ҷой мегиранд. Дар дохили давра «зоғ» (пешбари бозӣ) меистад. «Гунҷишк»ҳо дам ба дам дохили давра мепаранд, то дон бихўранд ва боз парида мебароянд. «Зоғ» даври хати кашидашуда ҳар тараф давида гунҷишконро намегузорад, ки дона чинанд, мекўшад, ки дасташро ба шакли нўл ба бадани бачаҳо бизанад. Ҳар «гунҷишк»-е, ки «зоғ» ба ў нўл зад, аз бозӣ берун мешавад, дигарон ба майдон даромада бозиро давом медиҳанд. Албатта «гунҷишкҳо» кўшиш мекунанд, ки бештар дар дохили давра бошанд ва зиёдтар дона чинанд. Ҳамзамон намехоҳанд, ки «зоғ» ба онҳо нўл занад. Бозиро ҳамон бачаҳое давом медиҳанд, ки «зоғ» нўл назадааст. Бозӣ то 1-2 нафар мондан давом мекунад ва баъд бо ҷамъи гурўҳ аз нав оғоз мешавад. То вақти эҳсоси хастагӣ кардани бачаҳо ин машғулият идома меёбад.
Ба гуфтаи мураббия, барои машғулияти варзишӣ барномаи бозиҳои дигар, ба монанди «Ҷигар – ҷигар», «Лолачинакон», «Аз боло хабар омад», «Бандкашӣ» низ доранд, ки бо навбат иҷро мекунанд.
Дар кўдакистон барои инкишофи нутқи бачаҳо ва ошноӣ бо санъати сухан машғулияти «Лафзи ширин»-ро доранд, ки бо истифода аз дастурҳои таълимӣ баргузор мекунанд.
Аҳли кормандони кўдакистон таҳти сарварии Муслима Судурова бар асоси талаботи замон амал карда, равиши тарбияву омўзишро мутобиқ ба рўйдоду дигаргуниҳои кишвар ба роҳ мондаанд.
Мураббия Бўрихонова сенарияи машғулияти «Нақшу нигори миллӣ дар зарфҳои кўлолӣ»-ро нишон дод, ки ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шудааст.
-Мақсад аз ин машғулият ошноӣ бо ҳунарҳои бобоӣ, ташаккул додани маҳорати мустақилона кашидани нақшу нигор дар кўза аст, -гуфт ў ва илова кард: - Бачаҳо, ки аксар бори аввал ҷиҳози наққоширо мебинанд ба тарзи дуруст ба даст гирифтану гузоштани мўқалам, ба тарзи рангмолӣ бо мўқалам ошно мешаванд.
Ў бовар дорад, ки ин машғулият, барои тарбияи зебоипарастии кўдакон ва инкишофи қобилияти эҷодии кўдакон мусоидат мекунад.
Барои баргузории машғулият тахтаи электронӣ, расмҳо, кўза, сўроб ва мулоимгил (пластилин) пешниҳод шудааст. Инчунин бачаҳо маводҳои барои машғулият зарур, аз қабили мўқалам, об, ранг, шакли кўза, тахтача ва дастпок бояд дошта бошанд.
Мураббия баргузоркунандаи машғулият ва чеҳраи асосӣ дар тамоми ҷараёни он аст. Дар оғоз ҳангоме ки диққати кўдакон ба маводи тақсимшуда равона мешавад, аз онҳо мепурсад, ки номи таҷҳизоти рўйи мизашон чист? Кадом навъи зарфҳоро медонанд. Кўза аз чи сохта мешавад? . Дар аксари маврид кўдакон фикри худро ба ҳар шакл баён мекунанд, мураббия зиёд мунтазири ҷавоби дақиқ, ки шояд бачаҳо намедонанд, наистода ба ёрии онҳо мешитобад ва шарҳ медиҳад: ашё ва зарфҳо мешаванд, оҳанӣ, чинӣ, чўбӣ ва сафолӣ. Беҳтар аст, ки дар маҳали машғулият намунаҳое аз ин ашё мавҷуд бошанд, то мураббия ба таври аёнӣ онҳоро ба даст гирифта нишон диҳад.
Бўрихонова аз таҷрибаи худ мисол меорад ва мегўяд: Мураббия ҳар ҷавоби дурусти кўдаконро бо нидои «Офарин!» бояд қадр кунад. Дар ҷараёни машғулият дар тахтаи электронӣ ба кўдакон намудҳои зарфҳоро нишон медиҳад ва нақл мекунад, ки аз замонҳои қадим бобою бибиҳои мо аз гили махсус зарфҳо месохтанд. Барои рафъи эҳтиёҷи худ дар рўзгор ба кор мебурданд. Муносиб аст, ки ба таври саволгузорӣ номи зарфҳо пурсида шавад. Агар намунаҳои чанд зарф бошанд, барои санҷиши дониши кўдакон пурсидан мумкин, ки чанд кўзачаро болои миз ё дар акс мебинанд? Ин гуна саолҳоро дар мавриди шакли зарфҳои мавҷуда - паст, баланд, калон ё хурд, ғафс ва ё борик будани онҳо ҳам додан ба маврид мебошад.
- Дар машғулияти аввал кўдакон ҳар кадом чизе месозанд ва мегузоранд, ки то машғулияти дигар хушк шавад. Онгоҳ рўйи он зарф бо ранг нақшу нигор мекашанд. Ин нақшҳо албатта хеле одӣ бояд бошанд, - мегўяд ў.
Бо истифода аз асбобҳои аёнӣ дар бораи ашёҳои қадимӣ маълумот дода, бо як ё ду ҷумла дар бораи ҳунарҳои миллӣ ва осори бостонӣ метавон сухан кард.
Мо ин ҷо танҳо дар бораи паҳлўи омўзишии фаъолияти мураббия гуфтем. Мураббияе, ки худ се фарзанд парвариш карда, ба воя расонидаасту барои кўдакони таҳти сарпарастиаш буда ҳам ҷойгоҳи модар ва меҳри модарона дорад.
Солеҳ Юсуфов