Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲСОЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲСОЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд

15-11-2021, 10:26
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲСОЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд
Ноябрь 15, 2021 08:33

Ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин барои миллат санаи муҳиму муборак мебошад. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд. Чунин зикр дошт андешаҳои хешро Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

-Соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон — Тоҷикистон мояи фараҳ ва саодати ҳамешагии миллат гардид ва ба таври одӣ бигӯем, баҳори нав дар сарнавишти миллати тоҷик оғоз шуд, ки ин фасли шукуфтанҳо ва сабзиданҳову тараққиёти Ватан аст, — иброз дошт Бахтиёр Маҳмадалӣ. — Шодиву нишот ва хурсандии миллати тоҷик он қадар дер давом накард ва ҳанӯз миллат аз саодати истиқлолият нафаси тоза накашида, кишварамонро ҷанги таҳмилии хонумонсӯз таҳдид намуд, ки он хатари парокандагии миллат ва нестии давлатро боз ҳам зиёд намуд. Мутаассифона, хатари аз байн рафтани Тоҷикистон ва нест намудани миллати тоҷик ба миён омада буд. Барои рафъи ин ҳолат ва наҷоти миллат бояд аввал ба ҷанг хотима дода мешуду сипас, масирро таъйин намудан лозим буд, ки дар ин роҳ миллатро Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоӣ намуданду миллати тоҷикро аз вартаи нестӣ наҷот доданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор нафар одамони бегуноҳ гардид, ки барои миллати тоҷик сабақи бисёр ҳам вазнин ва имтиҳони душвор буд…

Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари хирадмандамон, абармарди сиёсат Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои басо пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма низ ба нашр расидаанд.

Вобаста ба дилсӯзӣ ва талошҳову сулҳхоҳии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».

Дар ҳақиқат Афғонистон то ба ҳол авзои вахим ва ногуворе дорад, ки дар ин масъала низ Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ба қазияи Афғонистон расидагӣ намоянд. Ҷомеаро сарварони сиёсӣ месозанду обод мекунанд ва онҳо миллатро низ сарҷамъ нигоҳ медоранд. Ба ҳамин хотир кишвари ҳамсояи мо ҳоло як лидере надорад, ки мардумро сарҷамъ созаду ба ҷанги зиёда аз чиҳилсола хотима бахшад. Он чӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик анҷом доданд, ин қаҳрамонӣ буд ва аз худгузарӣ буд, ки на ҳар кас қудрати аз худ гузаштан дорад. Пешвои миллати мо бо ин роҳ рафтанд ва ҷони хешро барои миллат бахшиданд, ки ин гуна ҷасоратро фақат Пешво дорад.

Вобаста ба ҳамин сарварони аршади кишварҳои абарқудрат борҳо аз ин қаҳрамонӣ ва башардӯстии Пешвои муаззами миллат ёдовар шудаанд. Ҷорҷ Буш, собиқ президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико замоне чунин ибрози ақида намуда буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».

Ислом Каримов, собиқ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон перомуни хидматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намуда буд: «Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳавуллоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошад».

Воқеан ҳам, қобилияти баланди Эмомалӣ Раҳмон, ҷасорат ва садоқати он кас ба халқ Тоҷикистонро аз буҳрони бузург вораҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат асту дар сатҳи хеле баланд таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Он чӣ таҷрибаи таърих ба мо мегӯяд ва он чӣ аз фарёди бефарёдраси гузаштагонамон тайи ҳазор сол ба гӯш мерасад ва қалбҳоро такон медиҳад, ин ҷомаи амал напӯшидани орзуи давлатдорӣ буд, ки хушбахтона, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ин орзу ва хостаҳои миллатро бароварда созанд ва давлати навини тоҷикро аз варта наҷот диҳанд ва ба миллат саодат ва хушҳолӣ бахшанд.

Масири миллат имрӯз муайян гардидааст ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамагонро муттаҳид сохт ва хишти давлати навини тоҷиконро гузошт, ки ин барои мо марҳилаи сарнавиштсоз ва таърихист. Ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки бори аввал барои миллати тоҷик Президенти мамлакат аз хештаншиносӣ ва аҳдофу ниятҳо ва ваҳдати миллат гуфтанд ва дар китобҳои хеш низ роҷеъ ба ин масъала таълифоте овардаанд, ки барои шинохти тоҷик ва рушди тоҷикият мусоидат менамояд.

Ҳамеша дидгоҳҳо ва назарҳои инсоният мухталиф буда ва ин аз таърих ва пажӯҳиши олимон ба мо маълум аст, лек тағйирдиҳандагони тақдири башарият ва инсонҳо хеле кам мебошанд. Миллати тоҷик ду нафарро ёд дорад, ки яке Оли Сомон асту дигар Оли Раҳмон. Оре, Эмомалӣ Раҳмон ҳамон девори нангу номус ва ҷасору қуллаи хештаншиносист, ки Тоҷикистонро дар ҳазораи сеюм аз бозиҳои геополитикӣ вораҳониду масири истиқлолро ҳифз намуд.

Шоири тоҷик шодравон Гулназар Келдӣ роҷеъ ба роҳи паймудаи миллат сухан ронда аз саодати миллат хушҳолӣ намуда, онро роҳи шараф номидааст:

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,
Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ёфтани роҳи ҳалли масъала, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯз ва эҷоди формулаи нав фақат кори пешвоён аст, ки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як формуларо эҷод намуданд ва ба тоҷику тоҷикистониён сулҳ оварданд, ки роҷеъ ба ин масъала адиби доғистонӣ Расул Ғамзатов чунин гуфтааст: «…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон ё худ формулаи наҷоти миллат барои миллати тоҷик мактаби бузург ва саҳифаи тоза дар таърих мебошад, ки насли фардо бояд аз ин дурдонаи хиради сиёсӣ хуб истифода намояд ва омӯзад, ки ин барои наҷоти давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Тайи муддати кӯтоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монанд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд, ки ин барои пешрафти кишвари азизамон кумак менамояд. Феълан, Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ ба роҳ мондааст, ки ин аз талошҳо ва кӯшишҳои Сарвари маҳбубамон шаҳодат медиҳад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва дифоъ аз тоҷикияту ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки боз ҳам аз гуманизми баланди Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Бо боварии комил имрӯз метавон гуфт, ки вақте номи Тоҷикистонро мегирӣ, ҳатман ҷаҳониён номи Пешвои миллатро ба забон меоранд ва чеҳраи он кас пеши назарҳо ҷилвагар мегардад, ки ин аз сиёсатмадори қавии ҷаҳонӣ будани он кас шаҳодат медиҳад. Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, онро дар адабиёти дарсии хеш ҷой додаанд, ки ин эътирофи эътироф аст. Ва ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри 21» гардиданд, ки ин ҳам идомаи ҳамон эътироф аст.

Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи пеш бурдани сиёсати хирадмандонаи Сарвари ғамхорамон ва чораҷӯиҳои ҳукумати кишвар дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи муътадили сиёсӣ ба даст омада, кишвари азизамон- Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 2000 макони баргузории конфронсу саммитҳои байналмиллалӣ ва суҳбату мулоқотҳои сарони давлатҳои абарқудрат, аъзои созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ гардид, ки ин аз сохтори муътадил ва иқтидори баланди давлатамон шаҳодат медиҳад…

Мояи ифтихор ва хушнудист, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ сурат гирифт ва дар ин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмини сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин Нишони фахрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мукофотонида шуданд.

Зикр намудан зарур аст, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаёти фарҳангиву моддӣ тағйир ёфта, миллат ба фараҳу шодӣ расид, тамоми соҳаҳо рушд намуданд ва инқилоби маданӣ дар мамлакатамон сурат гирифт, ки ин ҳама аз баракати мактаби давлатдории навини Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ҳамчун роҳбар беҳтарин интихоб буд, ки имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баланд касб намуд. Дар ин замина олими тоҷик Кароматулло Олимов, узви АМИ Тоҷикистон гуфтааст, ки «вақте вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ҷонибдорӣ намуданд, кори таърихиеро оғоз бахшиданд. Мо соҳиби Пешвои миллӣ шудем. Имрӯз мо бояд Пешвои умумимиллиамонро ҳифз ва қадр намоем, зеро онҳое, ки Пешвои миллаташонро ҳифз ва қадр намекунанд, давлатдории миллӣ ва сулҳу суботро танҳо орзу менамоянд».

Ҳоло бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фасли дигару нави зиндагӣ ва рушд оғоз гардидааст, ки онро метавон роҳи саодат номид ва ҳамон шиори миллӣ, ки аз забони Роҳбари хирадманд ва ватандӯстамон садо дод, яъне «Тоҷикистон ба пеш»-ро мо бояд имрӯз сармашқи кори хеш сохта, бо пайравӣ аз Сарвари давлатамон содиқона ба ин миллату давлат ва ватани азизамон хидмат намоем.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: