Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои созандаву бунёдкор

Пешвои созандаву бунёдкор

12-11-2020, 12:47
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои созандаву бунёдкор
Халқ фарзандони шоиставу қаҳрамони худро ҳамеша дӯст медорад ва қадрдонӣ менамояд, зеро мардум ҳамеша ниёз ба роҳнамо дорад. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол аз нав эҳё гашт ва раҳнамои худро ҷӯё гардиду онро дарёфт, ки ин ҳам яке аз самараҳои истиқлолияти ватан аст. Ин натанҳо тақозои замон, балки зарурати таърих ва иқболи баланди мардуми тоҷик буд, зеро оғози истиқлоли мо даврае буд, ки ба фарзанди бузурги чорасоз ниёз дошт. Тақдир ҳамеша ашхоси баргузидаро дар имтиҳон қарор медиҳад. Дар замони зимоми давлатдориро ба зима гирифтанаш Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд ҷавон буд вале пирақл ва сипаҳсолор буд ин фарзанди сарсупурдаву содиқи ватан, ки аз имтиҳонҳои тақдир бо сарбаландӣ гузашт. Мардуми тоҷик бо раҳнамоии фарзанди хуб қаҳрамони аслии ҷабҳаҳост ва танҳо халқи бозаковат барои худ пешвову раҳнамо интихоб карда метавонад, ки инро дар масири истиқлоли мо таърих собит сохт. Ҳамзамон, таърих гувоҳ аст: -Бадбахт халқе мебошад, ки фарзанди қаҳрамону роҳнамо надорад. Хушбахт он миллатест, ки аз таърихи хеш ва саргузашти мардуми дунё таҷриба ва дарси ибрат мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгашта интихоб шуда буданд, бори аввал 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардаанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, ба рушди минбаъдаи бомаром гом ниҳод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ бори дигар ба боварии комили мардумаш сазовор гашта, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин маснад интихоб гардиданд. Халқи тоҷик савганди садоқату вафодории фарзанди қаҳрамонаш - Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад. Инак, 29 сол мешавад, ки халқи тоҷик бо Президенти худ ифтихормандонаву бо эътимоди комил барои ободиву шукуфоии Ватан қадамҳои устуворона ба пеш мегузорад.
Воқеан, арзандатарин неъмати инсонӣ ин сазовор шудан ба эҳтирому эътирофи халқ аст. Барои табиб шудану ба боварии бемор сазовор гардидан, мо шаш сол донишгоҳ мехонем, як сол интернатура, ду сол орденатура, се сол асперантура ва зиёда аз даҳ соли дигар таҷриба меомӯзем. Мардуми мо низ ба роҳбари соҳибтаҷрибаи хеш баҳои сазовор дода дар интихоби он хато накарда, аз хештаншиносии хеш бори дигар ҷаҳониёнро огоҳ намуд. Акнун вақти он расидааст, ки ҳар як фарди барои ин ватан содиқ ҳамчун Пешвои муаззами миллат дар ободии кишвар саҳмгузор бошад. Мо ва ҷаҳониён дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллатеро мебинем, ки онро ҷаҳон мешиносаду эътироф менамояд. Халқ бо Эмомалӣ Раҳмон аст ва Эмомалӣ Раҳмон бо халқанд. Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ҳамин аст, ки эътимоду бовар аз ду ҷониб (роҳнамо ва халқ) сарчашма мегирад. Маҳз ин ҳақиқат мартабаву манзалати ин абармардро боло бурдааст. Ҳақиқату воқеият дар он зуҳур меёбад, ки миллат ба Роҳбари раиятпарвари хеш эътимод дорад ва бо ин бовар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар қадам ба халқи маҳбубашон такя менамоянд. Ин ҳамбастагӣ муҷиби пешрафту шукуфоии диёри азизамон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон кафили ҳифзи истиқлолияти тоҷикон гардиданд. Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Барқарор кардани сохторҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз дастовардҳои азими Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ кишвари моро маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди оянда ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд оварда дар партави ин падида низову бадбинӣ ва бадгумониҳои чандинсола аз байн рафта, халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон харобаҳои ҷангро дар як муддати кӯтоҳ бартараф намуда, Тоҷикистонро ба амнтарин ва босуботтарин давлати минтақа табдил доданд. Таҷрибаи омӯзиши ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақибони сиёсии хешро бо силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти бисёри ҳарбӣ, инчунин бо сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст, вале сарвари тоҷикони олам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бақои миллат ва давлати тоҷикон ин амали сулҳхоҳонаро ба амал бароварда, миллати дар давраҳои бештари таърихаш ҷафокашидаи тоҷикро ба сулҳу субот, ифтихори миллӣ ва ватандорӣ даъват намуд. Баробари расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат бунёдкорию созандагӣ низ оғоз шуд: сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби Анзоб, сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, барқароркунии роҳи оҳани Вахш-Ёвон, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу кӯпрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ танҳо ба тавассути кӯшишу заҳматҳои фарзанди асилу фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд. Ин ҳама на танҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робитаҳои байналмилалӣ сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтаанд, яъне Тоҷикистон барои ҳар як давлате, ки риштаи муносибатҳои дўстона, сулҳҷўёна ва мутақобилан судмандро қавӣ гардонданист, ҳамеша омода аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштаанд. Пешвои миллатамон тавонистанд, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо бо фарҳанги баланди худ тавонистанд, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт. Ин пешвои аз байни халқи оддии заҳматкаш рӯида тамоми паҳлӯҳои давлатсозиву таҳкимбахшии миллатро дарк намуда гуфтанд: «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Ҳамин буд, ки ба ин фарҳанг давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав бо ин фарҳанг халқи тоҷикро нерӯву тавони дубора бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз карда, гӯё пайкари ин миллатро тавассути як навъи фарҳанг барқарор намуданд, ки тӯли садсолаҳо дар миёни тирагиҳову ғубор қарор дошт. Ин худ як падидаи бузурги фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷик дар оғози ҳазорсолаи нав чун як фоли нек – Исмоили Сомонии худро пайдо кард. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохтанд, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрӯз не, имсол не, балки 29 сол қабл ӯ чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд ва бо мардумаш буд. Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияшон пешво кард. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданашон ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид шудани тоҷикони тамоми дунё дар атрофи ӯ мебошад. Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гӯшаи пойтахт бунёд ёфт, ки рухдоди бузурги фарҳангӣ дар тамоми ҷаҳони ислом аст. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллии партавафшон бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мост. Ин бунёдҳо рисолати ҳазорсолаҳо барои наслҳои минбаъда дошта, чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад. Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорем, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло меравад.
Албатта танҳо бо чанд ҷумлаву сафҳаву китобе тамоми хизмату заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорию созандагӣ баён намудан корест сахту сангин ва муҳол. Бовар дорем ин ҳама хизматҳову заҳматҳо дар садҳо ҷилд рӯи коғаз меоянд, бо хатти заррин дар таърихи ТОҶИКИСТОН сабт мегарданд, имрӯзиён аз он меболанд ва наслҳои оянда аз он ифтихор мекунанд.
Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош,
Шоистатарин бақои миллат, хуш бош.
Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,
Эй роҳбари раҳкушои миллат, хуш бош.
Мо бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ДДТТ ба номи А. Сино
Тохтахољаева С.Т-мудири кафедраи стомотологияи муолиљавии ДДТТ ба номи А. Сино
Турсунова З. -мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа ДДТТ ба номи А. Сино
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: