Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хатлон: Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои табиии миллати тоҷик

Хатлон: Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои табиии миллати тоҷик

24-12-2015, 10:37
Хабарро хонданд: 540 нафар
Назарҳо: 0
Хатлон: Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои табиии миллати тоҷикМо ҷавонон бо дарки масъулияти баланди мақоми худ дар ҷомеа, ки созандагони имрӯзу фардои Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо ба ҳисоб меравем, итминони комил дорем, ки тамоми пешрафт ва таҳаввулоти ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз бо роҳбарии нобиғаи сиёсии давлати мо Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад.
Ҷавонони сарбаланди Тоҷикистон! Биёед хишти нангу номуси ватандориро болои хишти хештаншиносӣ зам карда, девори ифтихори миллии худро баландтар бардорем ва устувору побарҷо намоем. Ҳақиқатан Пешвои табии миллати мост Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои Миллат» унвон додан ба роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як воқеияти таърихӣ ва ҳолати комилан табиист, Ҷаноби Олӣ ҷойгоҳи муқаддасу баландро дар шоҳидии тамоми мардум сазовор гардидааст ва ҳамватанони бурунмарзии мо низ бо хушҳолии зиёд аз ин қонун пуштибонӣ намуда истодаанд, ки боиси ифтихори бузург аст. Ин қонунро таърихӣ меномем, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон медонем.
Ҷоиз ба ёдоварист, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеч осеб надидааст.
Бо садои қалби ҷавонии худ изҳор медорем, ки «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва Ватани мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд». Дар ҳақикат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст. Имрӯз, сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон, коршиносон ва мутахассисони соҳа Президенти кишвар Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои об эътироф кардаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён мебошад, зеро чунин муносибат аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Эмомалӣ Раҳмон, намунаи ибрат дониста шудани тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрами на танҳо сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад
Бо эҳтироми самимона мегӯем, ки “Ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Раиси ташаббускору сарбаланди Ҳизби мо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, пас аз барқарории сулҳи сартосарии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат шинохта шуда буд ва ин санади ҳуқуқӣ ҷомаи қонунии он дар сохтори идораи демократӣ аст. Нишонаҳои он - эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаи таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд”.
Пас садоқату самимият ба Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон ин садоқату самимият ба ватану миллат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: