Меъмори сулҳ16-11-2017, 16:43
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Дар чунин ҷаҳзаҳои ҳассос барои миллати марди баруманди Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои қавмӣ маҳаллию минтақавӣ болотар донад ва дар бунёди пояҳои нахустини оини давлатдорӣ саҳм гузорад. Матонату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо хиради азалии мардум имкон дод, бо аввалин қадамҳои худ дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони иҷборан муҳоҷират карда, шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллии тоҷикон на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор нақш дошт, балки танҳо фарҳанги миллӣ, эҳтироми гузаштаву имрӯза манзалати махсус пайдо кард. Бо такя ба фарҳанги миллӣ давлат сохт, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки мавқеъ ва манзалати Давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд ва раванди устувори давлатдории ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати мо эҷодгари сарнавишти худ аст ва бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик миллати мо тавонист соҳиби сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ ва соҳиби таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ гардад. Узви парлумони Аврупо аз Ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои Ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд. Оре, дар муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва соҳиб шудан ба сулҳу ваҳдати комил ангезаест, ки онро на ҳар фарду раҳбар ноил мешавад, аммо Сарвари муаззами мо бо он ҳама мушкилоту монеаҳои ҷойдошта ба кишвар сулҳу ваҳдат овард. Раҳбари давлатмон дар ҷое иброз доштаанд: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт». Мартин Лиз, ректори донишгоҳи сулҳи СММ гуфтааст: «Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар як конференсияи байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конференсия қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад». Аммо новобаста ба ин пешравиҳо ва амалҳои назаррас, имрӯз мо бо гурӯҳакҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки арз ва идаои тахсиромез доранд ва бо ихтилофи таққалубомезу фитнаангезии хеш ҳаёти ороми ҷомеаи навини моро халалдор месозанд. Онҳо дар расонаҳои мухталифи хабарӣ, радиову телевизион, сомонаҳои интернетии монанди худашон вобаста ба созмонҳои харобкор саъй ба паст задани пояҳои давлатдории моро доранд, ба ҳар соҳаи зиндагиномаи имрӯзаи мо интиқоди беасос мегиранд. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар натиҷа, мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем. Маҳз бо шарофату иқдомҳои шоистаи Роҳбари давлат ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагии ҷомеаи муосирамон идома дорад, ки он ба тадриҷ барои ҳаёти шоистаи сокинон шароити мусоид фароҳам меорад. Сарвари давлат ба хотири рушди умумӣ ва таъмини ояндаи дурахшон дар ҳалли масъалаҳои мубрам, пешрафти устувор ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир нақши калидӣ бозиданд ва дар онҳо як қатор мавзӯъҳои мубрами рӯз ҳаллу фасл гардида, барои мубодилаи афкори созанда оид ба тақвияти ҳамкории амалии бисёрҷониба, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва беҳбудии некӯаҳволии мардум аст, арзёбӣ шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғайр аз шахси ташкилотчию дипломати моҳир буданаш, инчунин чун роҳбари дурандешу дурбин дар ваҳдати тоҷикон, бедор намудани хештаншиносӣ, ғурури ифтихори миллиашон чанд иқдомро пеш гузошт. Ӯ халқи тоҷикро дар атрофи ғояҳои бузурги асили миллӣ муттаҳид намуда, ба сӯи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандӣ равона кард. Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, то имрӯз маълум гашт, ки Раҳбари давлатамон, дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархӯрдор аст. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.