ИСТИҚЛОЛИЯТ — ПАЁМИ БУЗУРГ АЗ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Андешаҳои ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадӣ8-09-2021, 07:47
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
Сентябрь 7, 2021 16:25 ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мояи хушнудӣ ва саодати миллат аст, ки имсол мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва метавон инро ба ибораи дигар, 30-соли музафаррият ва муваффақияту саодати миллат номид. Дар ин муддати кӯтоҳ ва бо вуҷуди сахтию душвориҳо миллати сарбаланди тоҷик тавонист бо сарпарастии роҳбари хирадманду заковатманд ва соҳибҷасорату боғайрат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон шуҳрати беандоза пайдо кунад. Чунин иброз дошт ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дотсент Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар». Дар зер андешаҳои мавсуфро манзури хонандагони сомона мегардонем. — Ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат барои тоҷикону тоҷикистониён имконият фароҳам сохт, ки кишвар дар ин давра ба дараҷаи хеле баланд тараққӣ кунад. Ва маҳз дар ҳамин марҳала мо тавонистем, ки аз суннатҳои қадимии хеш, мероси гаронбаҳо ва санъати деринаи худ дар арсаи ҷаҳонӣ дифоъ ва онро ба шакли нав муаррифӣ кунем, ки ин, аллакай дастоварди бузург дар шароити феълӣ мебошад. Миллати сарбаланди тоҷик, новобаста аз мушкиливу камбудиҳо ва машаққату азобу зиллати таърих барои ормони деринаи худ- ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ талош намудааст ва хушбахтона, имрӯз 30 сол мешавад, ки мо аз амалӣ гардидани ин ормони ҳазорсолаи хеш таҷлил менамоем ва шукргузорӣ аз ин лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти босаодати миллат менамоем. Дар ҷаҳони муосир кам нестанд миллату қавмҳое, ки то кунун барои соҳибистиқлолӣ ҷонканӣ менамоянду лек дар ин кор муваффақ нагардидаанд. Тибқи омор, зиёда аз 300 миллату қавмиятҳои мухталиф имрӯз даъвои соҳибистиқлолӣ менамоянд ва дар ин самт мубориза мебаранд, ки то ҳол натиҷае надодааст. Аз ин рӯ, истиқлолиятро ҳамчун неъмати бузург ва чун гавҳари чашм бояд нигоҳ дошт, ки маҳз бо баракати истиқлол мо тавонистем нақшаву ниятҳои умумимиллии худро амалӣ гардонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни гиромидошти истиқлолият ва қарзи шаҳрвандии мо чунин гуфтаанд: «Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем». Қайд намудан ба маврид аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ низ бо худ машамкатҳо дорад, аммо мо дар ваҳдату ҳамдилӣ тавонистем ин ҳама мушкилотро паси сар намуда ба муваффақиятҳои бузург ноил бигардем. Ҳарчанд пас аз канда шудани занҷираи иқтисодӣ байни кишварҳои собиқ шӯравӣ ва аз байн рафтани равобити иқтисодиву табодули ашёи хом як қатор корхонаҳо аз кор монданд, аммо давлат ва бахши сармояи хусусӣ тавонист, ки аз ин марҳилаи нисбатан душвор бигзарад ва дубора имкониятҳоро барои барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷгардида фароҳам созад. Ҳоло дигар имкониятҳо фароҳам омадаасту тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тараққӣ ёфтааст, ки ин натиҷаи назаррас маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти кишвар тараққӣ намуда, як қатор корхонаҳои азими саноатӣ дар кишвар ба истифода дода шуданд, ки ин ҳолат моро ба таври комил аз вартаи яхшавии иқтисодӣ наҷот дод. Як зумра корхонаҳои дигар, ки бо омилҳои гуногун аз кор монда буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ бозсозӣ ва аз нав бо фарогирии таҷҳизоти муосир ба кор дароварда шуданду фаъолияти худро идома дода истодаанд, ки ҳазорҳо ҷойи кории нав ба аҳолӣ муҳайё гардид. Агар ба таҳлилҳо назар афканем маҳз дар даҳсоли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 30,07 млрд. сомонӣ ба 82.54 мллрд. сомонӣ зиёд шуд, ки ин боиси зиёд гардидани нафақапуливу дигар маблағҳои иловагӣ ба аҳолӣ мебошад. Танҳо дар чанд соли охир ба хотири дастгирӣ намудани иқтисодиёти ватанӣ ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ин ҳам ба хотири дастгирии соҳибкории ватанӣ ва иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси сарвари хирадманду маҳбубамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар инқилоби маданӣ гузаронида шуд, ки дар ин радиф низ як қатор корҳои муфид барои ҷомеа ба анҷом расид. Хушбахтона, барои беҳтар намудани илму маориф ва омода намудани мутахассисони варзида дар кишвар донишкадаву донишгоҳҳо ва литсей касбӣ-техникӣ дар самтҳои технологӣ, техникӣ, инноватсионӣ ва кӯҳию металлургӣ ба фаъолият пардохтанд, ки дигар нарасидани мутахассисони варзида ҳам имрӯз барои ҷомеи тоҷикистонӣ кунун дигар муаммо нест. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар ҷумҳурӣ Ҳукумати кишвар як қатор озмунҳои бузург аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман»-ро роҳандозӣ намудааст, ки он ҳамасола дар сатҳи баланд ва дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки ин ба баланд гардидани маърифати насли наврас ва бедор намудани ҳисси худшиносӣ мусоидат менамояд. Маълум аст, ки 93 фисади масоҳати умумии кишвари азизамон Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва барои аз ин ҳолат истифода намудану ганҷҳои нуҳуфтаи хазинаи табиатро ба даст овардан имрӯз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисосро ба камол мерасонад, ки онон метавонанд дар расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намоянд. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани насли хештаншинос ва меҳандӯсту содиқ ба арзишҳои баланди инсонӣ вазифаи аввалиндараҷаи мо маорифчиён ва ҳар як шаҳрванди соҳибэҳтироми миллат мебошад, ки ин насли нектарбия тавонад дар оянда ба қадри истиқлол ва дастовардҳои бузурги он расидаву онро ҳамчун мероси гаронбаҳо, хазинаи пурганҷ ва давлати ҷовидон ҳифз намояд. Башар имрӯз миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар муаллими фарҳанг мешиносад ва бояд, ки мо низ дар оянда ин мақомро ҳифз намоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.