Тарбияи дуруст1-03-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 566 нафар
Назарҳо: 0
Хонае, ки тифл бошад ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад ғайбати бегона нест, Мон, ки аз ҳар хонадон ояд садои кӯдакон, Нархи ҳар як хандааш гӯйи ба сад дурдона нест. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми мо ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим ба тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, хештаншиносву худогоҳӣ ва ахлоқи ҳамида доштану бо нангу ор ба воя расондани фарзанд саъй мекарданд. Дар тули гузашти қарнҳо хонаводаҳои тоҷик ҳазорон нафар фарзандони барӯманду фарзонаро ба камол расонидаанд, ки барои халку ватани худ хизматҳои назаррасеро ба анҷом додаанд, обу рӯ ва нуфузи миллати худро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштаанд. Бешубҳа, ҳамаи ин натиҷаи тарбияи дурусту ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон аз ҷониби падару модарон мебошад. Оре ва рисолати муқаддаси дилҳоҳ падару модар он аст, ки фарзандро дар руҳияи поктинативу хештаншиносӣ, ватанпарварию ободкорӣ ва меҳнатдӯстию инсонпарварӣ тарбия карда, дар ниҳоди онҳо эхсосоти волои инсонӣ ба монандӣ ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, эътимод ба имрӯзу фардоро бедор намоянд. Дар баробари ин эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони ба нангу номус ва солимақл мебошад. Шахс дар сурате метавонад ба пирӯзиву комёбиҳо ноил гардад, ки дуои неки падару модарро гирад ва ба қадри ранҷу заҳматҳои кашидаи онҳо расад. Таълиму тарбия дар пайвастагии се ниҳоди ичтимоӣ- оила , мактаб ва ҷомеа, сурат мегирад, аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои итиллоотӣ, ки дар даврони муосир мазмуни он ҳамрадифи тафаккури ҷаҳонӣ пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Дар ин гуна ҳолат ниҳодҳое зикр намуданд, ки бояд якҷо бо расонахои миллии иттилоотӣ, неруву иқтидори кофии муқовимат дошта бошанд, то ин ки вуруди ҷабҳахои номатлуби фарҳанги бегонаро пешгирӣ карда нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеа миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро заҳролуд намоянд. Дар раванди муосир бояд қайд намуд, ки фанни технологияи иҷтимоӣ-фарҳангии кӯдакон ва наврасон бо дигар илмҳо аз қабили педагогика, психология, этика, эстетика, адабиёт ва дигар ниҳодҳои таълимӣ алокамандии зич пайдо кардааст. Тарбияи кӯдак асосан чуноне, ки гузаштагонамон гуфтаанд ҳанӯз аз даврони дар батни модар буданаш оғоз мегардад. Албатта, дар ин боб назарҳои зиёде оварда шудаанд, ки онҳоро дар давоми тарбия волидон истифода мебаранд. Бале, дар ҳама давру замон таълиму тарбия мақоми хосаеро дорост ва яке аз вазифаҳои мухим ва масъулиятноке, ки имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст, ин қабул гардидани Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мебошад. Ҳамаи ин масъулияти падару модаронро дар назди фарзандон зиёд намуда онхоро водор месозанд, ки дар тарбияи онхо ҳамчу насли сoлиму бомаърифат хисса гузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.