Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Соли оила тарҳи муассире доштем?

Дар Соли оила тарҳи муассире доштем?

25-12-2015, 07:30
Хабарро хонданд: 727 нафар
Назарҳо: 0
Дар Соли оила тарҳи муассире доштем?
Ҳар қавму миллати соҳибфарҳанг вижагиҳои рафторҳои хешро дорост, ки бо ин махсусиятҳои хеш аз мардумони дигар кишвар фарқ мекунад ё эътирофу шинохта мегардад. Фарҳанги миллати мо низ ба гунае муназзам шудааст, ки чанде аз арзишҳои муҳиме, ки барои рӯзгори саодатманди инсон ва баробарии ҷамъият хизмат мекунанд, маҳз дар оила бунёдгузорӣ мешавад. Аз ҷумла доштани фарҳанги ҳатмӣ будани риояи қонунгузорӣ, доштани назари нек ба атрофиён, муҳаббату дӯстиро ҷо кардан дар андешаи фарзанд, одат кунондани ҷавонон ба меҳнати ҳалолу ободкорона, иззати меҳмонро донистан, эҳтиром кардани калонсолонро ба ҷо овардан, муҳаббат доштан ба омӯзиши илму хондани китоб, риояи одоб ва эҳтироми фарҳанги миллӣ, эҳтироми суннатҳои ниёгон ва даҳҳову садҳо хислатҳои хуби дигар аз вижагиҳои соҳибтамаддунӣ ва фарҳангдории тоҷикон аст, ки ҳар волиде бояд аз кӯдакӣ дар зеҳни фарзанд онҳоро ҷо кунад.

МАЪЛУМ АСТ
, ки кӯдак то ба мактаб рафтан бештар аз ҳама зери таъсири ҷаҳоншиносиву маърифати падар ва гузашта аз он ҳам зери таъсири ирсият ва тарбияи модар мебошад. Муқаддасоти модарӣ ва оиладории хуб, бешак фактори истиқрор ва рушди на танҳо хонавода, ҳатто давлат буда, нахустин хишти тарбия ва маърифати инсонӣ, ки баъдан тӯли умр муқаррароти ахлоқии ҳар як шахс мегардад, маҳз дар оила гузошта мешавад.

Дар шароити имрӯза зарурат ба миён омада, ки барои модарон, ки тақдири ояндаи миллату давлат, яъне тақдири шаҳрванди ояндаи миллат ба ҷаҳоншиносиву маърифати онҳо вобаста аст, муносибатҳои иҷтимоӣ бо онҳо низ бояд бознигарӣ шаванд.

Шояд зарур бошад, ки ниҳодҳои зидахли давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Парлумон ҳуҷҷатҳоеро таҳия бисозанд, ки тибқи он барои омода кардани модарони дар тарбият шоиста ва ё волидони аз лиҳози идроку ҷаҳонбинӣ ҷавобгӯ ба тақозои тарбия дар рӯзгори муосир, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ бигарданд. Яъне, махсус модаронро ба таълимоти ҳирфаӣ, ки фарҳанги ахлоқӣ дар маркази он аст, фаро бигиранд. Ба фаъол шудани институтҳои пажуҳишӣ ва барномаҳои таҳқиқотӣ дар мавриди оила ва тарбияи насли нав тибқи талаботи замони муосир замина гузоранд. Таҳкурсии муосиру илмии институти иҷтимоии оиладориро фароҳам биёранд.

Нақшу рисолати волидон дар тарбия, хоса маҷмӯи вазоифи модарон дақиқан мушаххас ва дуруст ташвиқ, тарғиб ва ташреҳ шавад. Зеро танҳо бо таъкиди он, ки модар бояд тарбиятгар бошад ё бо ҷазо додану ҳукм кардани онҳое, ки аз уҳдаи тарбияи фарзанд набаромадаанд, масъалаҳо ҳал намешаванд. Агар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" чун ҳама гуна асноди ҳуқуқӣ хислати иҷборӣ дошта бошад, чораи дигари муассир шояд ин роҳҳои гуногуни ҳавасмандгардонист, ки тарзи муосири амалӣ кардани онро бояд дарёфт. Масалан муқаррар кардани кадом як имтиёзҳое барои оилаҳое, ки фарзандони шоиста ба воя расонидаанд.

Бархе бар ин назаранд, ки аз замони қабули ин қонун масъалаи тарбияи кӯдакону наврасон миёни институти иҷтимоии оила ва мактаб духӯрагиҳоеро дучор гаштааст, ки гоҳо сабаби тарафкашиҳо гашта дар натиҷа проблемаҳо ҳалли худро намеёбанд. Дар мактаби пешин тарбия дар баробари таълим барои омӯзгорон муқаддам буд. Барои тарбияи кӯдак муаллимон натанҳо дар баробари волидон, балки аз онҳо бештар кор мебурданд. Масалан, агар талабае камсаводтар буд, устод мекӯшид, ки ақаллан аз ӯ шогирди хубу ҳалим ва ҳунарманде ба воя расад. Вале имрӯз аз суҳбатҳо бо муаллимон, аксаран дарк месозӣ, ки мактаб нақши тарбиятгариро бештар бар дӯши волидон мепартояд. Дуруст аст, ки ду тараф дар ин масъала бояд бо ҳам тавъам кор кунанд. Вале гап сари он аст, ки тарбия бояд аз ҷониби ашхоси соҳибмаърифат анҷом дода шавад. Оё волидоне, ки шояд худ саводи казоиву маърифат надоранд, аз уҳдаи тарбияи дурусти фарзанд мебароянд ё не, масъалаи хеле ҷиддист.

Охир кӯдакон танҳо мутааллиқи як оила нестанд, ё шогирди як устоду як мактаб маҳсуб намешаванд. Онҳо насли ояндасозе ҳастанд, ки бояд масъулияти фардои ин миллату меҳанро бар дӯш бигиранд. Масъала сари он аст, ки тарбиятгар бо чӣ кӯлборе онҳоро ба сӯи фардо раҳсипор месозад? Бо кадом хазинаи донишу тарбия қадам ба ҷониби фардо мегузоранд? Ин масъалаҳо аз зумраи масъалаҳои стратегии давлатианд, на баҳси чандрӯзи мактабу оила, ки бояд ҳарду ҷониб ҳам хуб дарк карда бошанд, ки пойдевори имрӯзро баҳри фардо месозанд.

Агар каме ба қафо нигариста, перомуни баъзе аз равандҳои оиладории тоҷикӣ ва мушкилоти оиладорӣ дар давраҳои охир андешаронӣ кунем, пас бояд нахуст ба масъалаи ворид гаштани бархе аз озодиҳо ба ҳаёти мо ва хосатан роҳ ёфтани баъзе аз равандҳои нав ба зиндагии оилавиамон низ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор бигиранд.

"Озод будан" дар бархе аз муносибатҳо, ба хонаводаи мо чӣ тавр роҳ ёфт? Оё арзишҳои "демократӣ"-яи ғарбӣ, ки гоҳе ба ҳаёти мо таҳмил мешуданд ва ё тавассути ҷаҳонишавӣ якбора вориди ҳаёти шахсиамон гаштаанд, ба арзишҳои миллӣ, расму ойин ва суннатҳои хонаводагиамон мувофиқат мекарданд? Агар "ҳа", пас то кадом андоза? Оё воқеан зану мард бо дарки он, ки онҳо дар як ҷомеъаи озод зиндагӣ доранд, сарфаҳм рафта тавонистанд, ки баъзе аз ин озодиҳо, агар дар маҳдудаи арзишҳои хонаводагӣ нағунҷанд, чӣ таъсире ба ҳаёти шахсии онҳо дорад? Оё насли ин давру замон метавонистанд дарзамон сарфаҳм бираванд, ки фарҳанги ноозмудаи бегона дар рӯзгори то ин дам суннатии мустақари онҳо чӣ таҳаввулоте ба бор меорад? Инро ҷомеашиносон бояд қабл аз ҳама биомӯзанд ва дар ин замина бо шаҳрвандон кор бурда тавонанд. Ин талаботи давраи гузариш буд, ки мо ин марҳаларо ҳанӯз пурра паси сар накардаем. Ин масъаларо бояд хурд нашуморем ва бояд ҳатман дар пайи ҳаллаш бошем.

Ҳамчуноне, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд ва аз назари баъзе андешамандон ҳам мо гӯё каме дар ин "озодӣ"-ҳо дар масоили оила, ба анархия ҳам расидем. Яъне, баъзе касон марзҳои озодиро ба суръате берун рафтанд, ки дигар онҳоро барқарор кардан ғайриимкон менамояд. Албатта бо ин гуфтаҳо мо зидди демократия ва ё озодӣ дар оиладорӣ нестем, вале демократияро нодуруст фаҳмидан ва аз он ба дараҷаи анархия истифода кардан, дар хонаводаҳо беасар намегузарад.

Боиси зикр аст, ки маҳз бо ҳамин хотир Сарвари давлатамон борҳо ва гаштаю баргашта таъкид медоранд, ки дар демократикунонии ҷомеа мо бояд аз фарҳанги миллӣ, расму ойин ва суннатҳои аҷдодии хеш дур нагардем, онҳоро муқаддам шуморем ва кӯркӯрона ба демократияи ғарб тақлид насозем.

Як масъалаи норушан ва мушкилзои замони муосир он аст, ки ба оиладории мо таъсири вижа дорад ин новобаста ба манъ кардани қонунҳо ва ҳатто тибқи Сарқонун роиҷ будани якканикоҳӣ дар кишвар, дар оиладории муосири мо меъёрҳо худсарона дигар гаштаанд. Воқеияти рӯзгор ин аст, ки баъзан қонунгузорӣ поймол ва меъёрҳои нонавишта ҷойгузини онҳо мегарданд. Мо ҳамоно бар андешаи онем, ки оиладорӣ кори фардии одамон аст? Вале оила ин асоси ҷомеа ва пойдевори давлат аст. Оила ин яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоист, ки бесарусомонӣ дар он,боиси хараҷу мараҷ дар ҷомеа мегардад. Вале мутаассифона, аксаран чашмҳоямон ба ин гуна масъалаҳо пӯшидаанд.

Дар суҳбати аксариҳо дармеёбем, ки дузанагӣ ва ё бисёрникоҳӣ ва мушкили муҳоҷирати меҳнатӣ ду сабаби асосии ноустувории оилаҳост. Онҳо чанд далели оддитаринро ном мебаранд. Дузанагӣ нахуст эътимодро дар хонадон мешиканад. Ба фардои зиндагии хеш бовар надоштани зан, ки яке аз сутунҳои оила аст, масъалаи хеле ҷиддиест дар зиндагӣ.

Зеро зан бе боварӣ ба фардо наметавонад рисолати ҳамсарӣ ва модарии худро садоқатмандона ва пурра иҷро намояд. Дар натиҷа яке аз шаҳсутунҳои истиқрори хонадон "мешиканад" ва пояи оила суст мешавад.

Асабонияти зиёд дар оилаҳое, ки зарбаи бисёрникоҳиро хӯрдаанд дар рӯзгори мо натиҷаҳои ногувори зиёде ба бор овардаанд. Садҳо мисол метавон овард, ки занон дар ин ҳол даст ба худкушӣ задаанд, гирифтори чандин бемориҳо гаштаанд, ё хонавайрон мондаанд. Аз миён рафтани дӯстдорӣ миёни зану шавҳар бошад ба фарзандон ҳатман таъсири манфӣ мерасонад. Рашки зан ва ё бепарвоии мард ҳамсаронро водор мекунад, амалҳое намоянд, ки эҳтироми тарафайнро дар хонадон аз миён бубарад.

Барои онҳое ҳам, ки ба истилоҳ зани дуюманд, низ рӯзгори осудаву ширин ваъда намешавад. Азбаски онҳо, ба мустаҳкамии хонаи худ эътимод надоранд, ба зиндагии оилаи асосии мард мунтазам халал ворид месозанд, ҷангу ҷанҷол мехезонанд, ҷодугариву душманӣ мекунанд. Ин ҳама низоъҳои фардие ҳастанд, ки дар умум ба ҷомеа, албатта таъсиргузоранд.

Мушкилоти зиёде дар иртибот ба дузанагӣ, ки ҷомеа кайҳо ба он одат ҳам кардааст, солҳост, ки садди роҳи устувории оилаҳо мешаваду ин масъала ҳалли худро, мутаассифона, то ҳол наёфтааст.

Чашм пӯшидан аз зуҳуроти бисёрникоҳӣ ва нодида гирифтани мушкилоти занони қонунӣ, яъне мушкилоти рӯҳиву моддии онҳо, ки ба хотири нигаҳдошти оила хомӯширо пеша кардаанд, ба ҳукми одат даромадааст. Албатта ин масъала проблемаҳои зиёде ба дунбол дошту мушкили зиёди дигаре низ дорад, ки мутаассифона, то ин вақт кам касонро ба ташвиш оварда аст. Мушкили дигари ба ин масъала тавъам ин беҳуқуқии занҳои дуюм ва фарзандони онҳо аст, ки агар дирӯз онҳо кӯдак буданд, имрӯз аллакай 15- 20 солаанд. Фардо бошад масъалаи тақсими мероси падар аксари онҳоро домангир буда, балоҳои зиёди дигаре ба дунбол дорад, андеша доранд, дар ин маврид ҳуқуқшиносон.

Ба ҷиддияти масъалаи занони ғайриникоҳӣ аз лиҳози қонун ва фарзандони онҳо бовар накардани мақомоти зидахл ҳам боз мушкилоти зиёдеро дар пай дорад. Дар ҳоле ки Сарқонуни кишвар бисёрникоҳиро манъ карда қонунгузории мо онро ҷиноят (моддаи 170-и Кодекси ҷиноии ҶТ) мешуморад, садҳову ҳазорон занҳои дуюму сеюм ва фарзандони онҳоро фардо чи мушкилоти дигар интизор аст, ақаллан имрӯз бояд андеша кард. Вале бо ин қадар ҳуқуқшиносон, вакилон ва дигар ниҳодҳои масъул гӯё касе пайи ҳалли ин тарафи масъалаҳои оилавӣ лоақал дар Соли оила намегардад, дар ҳоле, ки ҳуқуқҳои оилавӣ як қисмати аъзами илми ҳуқуқшиносиянд.

Дар маърифати хонадории мо бо эҳтирому муҳаббат ва шоду хурсанд зиндагӣ кардани зану шавҳар ва фарзандону пайвандон чун расми хуб арҷ гузошта мешуд. Вале аз гуфтан то амалӣ кардани он роҳ тӯлонист. Бо муҳаббат зиндагӣ кардан худ аз худ ба вуҷуд намеояд онро дар ниҳоди инсон тавре дар боло зикр кардем, бояд аз кӯдакӣ тарбия кард. Дар хонае, ки муҳаббат нест, ишқи ломакон тавлид мегардад, мегӯянд гузаштагони мо. Ин гуна дарси ҳаётӣ ва садҳо ба ин монанд пандҳое, ки ба мустаҳкамии оила асос шуда метавонанд, дар мисоли зиндагии волидону аҷдодон бояд дар ниҳоди фарзанд тавассути тарбия ҷо карда шавад. Ва тавассути қонунҳои навиштаву нонавишта побарҷо бимонад. Такрори зиндагии волидон, аз ҷониби фарзандон мисоли санҷидашудаест, ки таҷрибаҳои ҳаётӣ борҳо собиташ кардааст. Яъне таҷрибаи гузаштаи хуби оиладории тоҷиконро бояд ҳифз кард. Аммо оилаҳои пинҳониву ошкорои замони муосир ба фардоиён чӣ меросе бояд вогузоранд? Такрори онро?

Набояд фаромӯш кард, ки барои мардуми мо аз ҳад зиёд таъсиргузор будани муҳит ё андешаҳои атрофиён дар рӯзгори хонаводагӣ аз як тараф таъсири манфӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар манфиат ҳам дорад. Зеро оилаи хуб дар ҷомеаи суннатии мо ин обрӯ, мақом ва эътибори одамон маҳсуб мешавад.

Садоқат ба ҳамсар яке аз шартҳои асосии истиқрори оила буду ҳаст. Инро ҳам никоҳи расмӣ ва ҳам фарзияти никоҳи мусулмонӣ дар тавлиди оила тақозо дорад. Дар ҳоле, ки ин садоқат аз ҳар ду ҷониб риоя бигардад ва бо риштаҳои муҳаббат пайванди мустаҳкам дошта бошад, оила ҳатман бобақову воқеан асоси ҳар як ҷомеа мегардад. Аммо дар ҳолати мушкилоти мавҷудаи зикргашта ва наҷустани роҳи ҳалли он дар бораи кадом садоқат метавон ҳарф зад? Ба ин хотир барои мустаҳкам кардани пояҳои оиладории мо месазад дар Соли оила ва умуман барои тамоми умри ҳамсарӣ рӯз ё моҳи муҳаббат ва садоқат эълон кард, ки он ҳамасола чун як арзиши муҳими рӯзгори хонаводагӣ риоя бигардад. Аммо то кадом андоза ва бо кадом роҳ метавон ба чунин як иқдоми бунёдии истиқрори оила умед баст, суолест матраҳ.

Низоми оиладории муосир назари тозаи илмӣ, асоснок санҷидашуда ва дар доираи ҳуқуқҳои инсон заминаро барои дарёфти зиндагонии пурсаодату шоиста тақозо дорад, ки мӯътақидем ин масъала аз назари яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ниҳоди олии қонунгузорӣ, дур нахоҳад монд.

Ё шумо андешаи дигар доред?
©Ҳуриннисо АЛИЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: