Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд

14-01-2016, 10:54
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии судманд
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №115-и шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Ҷалилов Раҷабмурод, раис, Яқубов Амиршоҳ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот ва Ғафурова Адолат аъзои и Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷалилов Раҷабмурод зимни суханронии хеш зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар раиси ҲХДТ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Ваҳдат дастовардҳои назаррас мавҷуд мебошанд, ки миллати тоҷикро бори дигар ба арсаи ҷаҳони ҳамчун як миллати мустақилдавлат фаъолияткунанда муаррифӣ намуд. Дар ин радиф, нисбат ба соҳаи маориф чунин ибрози андеша намуданд, пешрафти соҳаи маорифи кишвар низ хеле зиёд аст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маорифчиёни кишвар нисбати таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон диққати махсус зоҳир мекунанд, ҳамзамон ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ тарбият менамоянд.

Хамчунин дар вохӯрӣ оиди гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муноқишаи хонандагони мактабҳо, тарзи истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ ва амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таъкидҳо карда шуд.

Дар фарҷоми суханронӣ, ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро ба қадри оромии Ватан расидан, Ватанро дӯст доштан, ба арзишҳои неки миллат арҷ гузоштан ва хуб аз худ намудани илмҳои замона, аз қабили забономӯзи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ даъват намуданд.
Вохӯрии судманд
Ҳамзамон дар охир чорабинӣ ба 20 нафар «Шаҳодатнома»-и ҳизбӣ супорида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: