Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мо ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст!

Мо ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст!

22-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 554 нафар
Назарҳо: 0
Мо ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст!Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №68-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Бердиева Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд.
Изатуллои Ҳабибзод зимни суханронии хеш зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба назар мерасад. Дар ин самт дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар низ хеле зиёд аст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳли маорифи кишвар нисбати таълиму тарбияи насли наврас бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истифодабурда ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ тарбият менамоянд.
Хамчунин дар вохӯрӣ оиди гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муноқишаи хонандагони мактабҳо тарзи истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ ва амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” таъкидҳо карда шуд.
Таваҷҷуҳи бештар ба пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҷавон зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҳамаи хонандагони мактаб даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри оромии Ватан бирасанд, Ватанро дӯст доранд ба арзишҳои неки миллат арҷ гузоранд ва бо имконияти дар даст дошта технологияи муосирро омӯзанд.
©Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: