Ҳадафҳои созанда дорем2-11-2015, 10:33
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, барои тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳидояти ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ибрози назар ба вазъи сиёсии дохилию берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар деҳаи Далёни Болои н. Ғончӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин деҳа мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур намояндагони соҳаи маорифу фарҳанг, хоҷагии халқ ва иқтисодиёт ширкат варзида, инчунин бо мақсади дар руҳияи хештаншиносиву Ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас намояндагони ҷавонони муассисаҳои таълимии №8, 49 ва Гимназияи №3-и деҳаи Далёни Боло бо волидайнашон даъват гардида буданд.
Сараввал бобати муқаддас будани хизмат ба Ватан-Модар, даъват ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаҳои конститутсионӣ, пос доштани хизмату ҷонфидоиҳои аҷдодон, саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва қадру эҳтироми дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, меҳандӯстиву Ватанпарастӣ, арзиши воло донистани муқаддасоти милливу давлатӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Ғончӣ Исмоилов К.И. ба сухан баромад. Дар поёни ибрози назар падару модарон даъвати нисбати ояндаи фарзандон ва насли наврас бепарво нашудан ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тараққиёту паҳншавии босуръати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ танҳо хизмат ба Ватан-Модар кафолатӣ дар ҷавонон тарбия ёфтани ҳисси баланди диёрдориву кишвардӯстиро дода метавонаду халос. Дар қисмати дуввуми баррасии мавзӯи мазкур, сокини деҳаи Далёни Боло Шарипов Шералӣ, ки соли 2013 бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, аз шароиту имкониятҳои хизмати ҳарбӣ сухан намуда, зикр кард, ки имрӯз бо сари баланд дар назди ҳамсолон бо либоси низомӣ солорона қадам гузошта истодааст. Аъзои Шӯрои Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Расулов Фирӯз ва Отабоев Собирҷон аз вазъи сиёсии дохиливу берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, бобати гум накардани ҳушёрии сиёсӣ, иҷрои вазифаҳои худ дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва ба ҳамин васила ҳиссагузор будан дар рушду нумӯи ноҳиву ҷумҳурӣ баромадҳо карданд. Дар фароварди мулоқот, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намоянда, аз деҳаи Далёни Боло Соҳибов Соҳиб ҳузури меҳмононро шодбош гуфта, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз аввали таъсисёбиаш ҳадафҳои созанда дошт ва аз номи ҳамдеҳагон ваъда дод, ки баҳри расидан ва амалӣ намудани ин ҳадафҳо тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.