Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард21-10-2021, 08:47
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
Таътил эълон шудани ҳафтаи аввали моҳи ноябр ба афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия рабт дода мешавад. Раисҷумҳури Русия ташаббус барои таътил эълон кардани ҳафтаи аввали ноябрро ҷонибдорӣ намуд. Интизор меравад, ки қарори дахлдор шоми 20 октябр имзо гардад. Дар ҳоли имзо шудани ин қарор русиягиҳо 8 ноябр ба ҷойҳои кор бармегарданд. Владимир Путин изҳор дошт, ки дар сурати мураккаб боқӣ мондани вазъи марбути коронавирус дар кишвар эҳтимоли тамдиди таътил ҷой дорад. Муовини сарвазири Федератсияи Русия Татяна Голикова пешниҳод кард, ки бинобар вазъи вахими коронавирус аз 30 октябр то 7 ноябр дар баъзе аз минтақаҳои Русия рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад. Вай инчунин тавсия дод, дар ин минтақаҳо аз нафақахӯроне, ки ҷое фаъолият намекунанд, даъват шавад, то хонанишинӣ кунанд. Илова бар ин Голикова аз корфармоён даъват мекунад, ки барои гирифтани ваксина бар зидди коронавирус ба кормандонаш ду рӯзи истироҳат диҳанд. Муовини сарвазири Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки пас аз 7 ноябр корхонаҳо бо ҳолати одии корӣ баргарданд. таътил Sputnik. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.