Ҳамдардии тоҷикон ба фоҷиаи суқути ҳавопаймои Русия1-11-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Субҳи имрӯз, 1 ноябр, сокинони шаҳри Душанбе дар назди биноиСафорати Русия гулгузорӣ карда ва хотираи қурбониёни фоҷиаи суқути ҳавопаймои ин кишварро гиромӣ доштаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет низ садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми рус иброз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як барқия Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар иртибот ба садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбари Русия дар нимҷазираи Синойи Миср “ба раҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намудааст”. Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Миср, ин ҳавопаймо ба таври комил нобуд шуда, ҳама 224 сарнишини он ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои мақомоти Русия, дар ҳавопаймо 214 шаҳрванди Русия ва се украинӣ будаанд. Рӯзи якшанбеи 1 ноябр дар Русия рӯзи мотам эълон шудааст. Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Русия хабарҳо дар мавриди эҳтимоли даст доштани гурӯҳҳои террористӣ дар суқути ҳавопаймои ширкати “Когалимавиа”-и ин кишварро бепоя хондааст. Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, дар як нишасти хабарӣ дар Маскав дар шоми шанбеи 31 октябр гуфтааст: “Мо бо ҳамтоёни мисрии худ дар робитаи доимӣ ҳастем. Онҳо сару садоҳо дар бораи ҳадафи ракетаи террористон қарор гирифтани ҳавопаймои Русияро тасдиқ накарданд”. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар маҳали ҳодиса комиссияи босалоҳияте аз ҷумлаи мутахассисони Русия ва Миср фаъолият мекунад ва танҳо пас аз анҷоми кори ин комиссия метавон дар бораи иллати суқути ҳавопаймо ибрози назар кард. Қаблан, хабаргузории Reuters гузориш дода буд, ки гурӯҳҳои терорристии муталлиқ ба “Давлати исломӣ” масъулияти суқути ҳавопаймои мусофирбарро ба ӯҳда гирифтаанд. Хабаргузории Reuters бо ишора ба изҳороте дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер ба истинод ба баёнияи ин гурӯҳи террористӣ иттилоъ дод, маҳз рӯзи шанбе онҳо дар фазои нимҷазираи Синой ҳавопаймои русиро ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор доданд. Зимнан, дар ҳудуди нимҷазираи Синай гурӯҳи терорристии “Вилоят Синой” фаъолият мекунад, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” байъат кардааст. Дар соли 2014 фаъолияти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар Русия мамнӯъ эълон шудааст. ©ozodi.org |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.