
Охири моҳи июн Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз "бозгашт"-и COVID-19 ба Тоҷикистон эълон дошт. Нахуст моҳҳои аввали бозгашти ин вабои аср вазъи эпидемиологӣ ваҳим арзёбӣ мешуд.
Аммо омори ахири вазорат хушҳолкунанда аст: дар ҳафтаи гузошта, коҳиши паҳншавии коронавирус бармало ба назар мерасад.
Аввали ҳафта, 30-уми август шумораи гирифторшавӣ ба коронавирус дар як рӯз 40 нафарро ташкил медод ва шумораи шифоёфтагон 48 нафар нишон дода шуда, расман ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашуд. Рӯзи сешнабе, 31 август ин омор каме коҳиш ёфт ва 35 нафар гирифторшудагонро ташкил дод, дар ҳамин ҳол шумораи шифоёфтагон бештар -38 нафар нишон дода шуда, марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.