Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъсиси 51 ҳазор ҷойҳои корӣ дар вилоят

Таъсиси 51 ҳазор ҷойҳои корӣ дар вилоят

17-10-2015, 12:27
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
Таъсиси 51 ҳазор ҷойҳои корӣ дар вилоятИмрӯз, мухбири КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти номбаршуда, маълумот дар бораи тадбирҳои таъминкунии аҳолии вилоят бо ҷойҳои корӣ пайдо намуда, чунин иттилоъро ба мо пешниҳод кард:
Дар нӯҳ моҳи сипаришудаи соли равон бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва мухоҷирони мехнатии ба Ватан баргашта, 219 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркахо 2552 корхонаю ташкилот иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Давоми нӯҳ моҳи соли 2015 аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дар қайдбуда ва муҳоҷирони меҳнатии аз муҳоҷират баргашта ба 4121 нафар барои касбомӯзӣ аз рӯи 28 номгӯй ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2014 ва 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 65,9 ҳазор нафар кам шудааст ва ин тенденсия идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 51 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда шудааст, аз он ҷумла дар соҳаи саноат 2430 адад, дар соҳаи кишоварзӣ 20,4 ҳазор ҷой, сохтмон 793, нақлиёту алоқа 576, савдо ва хӯроки умумӣ 20,9 ҳазор ҷой мебошад.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
©Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: