Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Курси омӯзишӣ барои вакилон

Курси омӯзишӣ барои вакилон

12-10-2015, 12:15
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
Курси омӯзишӣ барои вакилонДар асоси нақша чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қаламрави вилоят семинарҳои омузиши барои вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва ноҳия баргузор гардида истодааст. Чунин семинар бо иштироки вакилони шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. Субҳидам меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Сароғоз меҳмонон ба ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба толори тарабхонаи «Султоновҳо» ташриф оварданд. Дар кори семинар 84 нафар вакилон, муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷалилов А.Р., Раиси ноҳия Азиззода Ғ.М ва устодони мактабҳои олии вилоят ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад вакилонро хайрамақдам намуда, мухтасар оиди мавқеъ ва дастовардҳои ноҳия маълумот дод. Сипас бо маърузаҳои устодон семинар идома ёфт. Баъди анҷоми семинар вакилон аз маркази ташхисию табобатии «Сино», ки вакил Н. Султонов сохтмони онро ба анҷом расонидааст, дидан намуданд. Дар фазои басо дилкашу гуворо бо шукргузори аз ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ машғулияти омузишии вакилон ба анҷом расид. Дар ҷамъбасти чорабини муовини раиси ҲХДТ Ҷалилов А.р ба сухан баромада аз баргузории семинар ва ташкилкунандагони он изҳори қаноатмандӣ намуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: