Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

28-09-2015, 14:39
Хабарро хонданд: 1411 нафар
Назарҳо: 0
Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд – ҳизб) ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бароитаҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баландисиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишуғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ вафарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқиибайналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амалмекунад.
Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
1.1. Мақсад, вазифаҳо ва усулҳои асосии фаъолияти ҳизб
1.1. Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.
1.2. Ҳизб бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
1.3. Ҳизб метавонад дар ташаккул додани ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ширкат варзад.
Ҳизб мутобиқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ намояд ва фраксияи худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ таъсис диҳад.
1.4. Ҳизб тарафдори ҳамкорӣ бо ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсию ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мебошад, ки мақсадҳои барномавӣ ва оинномавии онҳо ба фаъолияти ҳизб мухолиф нестанд.

1.5. Фаъолияти ташкилии ҳизб дар асоси усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои ҳизб ва ҳар як узви он, интизоми бошуурона, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзои ҳизб;
- эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият;
- интихобӣ будани ҳамаи мақомоти роҳбарии ҳизб аз поён то боло;
- ҳисоботи мунтазами мақомоти ҳизбӣ;
- интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоӣ барои мақомоти поёнӣ;
- идоракунӣ ва роҳбарии дастҷамъии ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар як узви ҳизб барои иҷрои вазифаҳои худ ва супоришҳои ҳизбӣ.

1.6. Ҳизб манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя мекунад. Узвият дар ҳизб бо таблиғӣ фундаментализм (бунёдгароӣ), тоталитаризм (томгароӣ), экстремизми сиёсӣ, терроризм, ҷанг, зӯроварӣ созгор намебошад.
1.7.Ҳизб барои аъзоёнаш шаҳодатномаи ягонаи тасдиқкунандаи узвият дорад.

2. Узви ҳизб, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо
2.1. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.
2.2. Қабул, қатъ ва боздоштани узвияти ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.
2.3. Узви ҳизб наметавонад дар як вақт узви ҳизбҳои дигар бошад.
2.4. Шахсе, ки ба ҳизб дохил шудааст, бо роҳи супоридани ҳаққи аъзогӣ ва дигар шаклҳое, ки қонун иҷозат додааст, ба ҳизб ёрии молиявӣ мерасонад.
2.5. Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ, ҷои кор ё макони истиқомат ба қайди ҳизбӣ гирифта мешавад. Тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи «Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
2.6. Барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ ва меъёрҳои аҳлоқи ҷамъиятӣ, нисбати узви ҳизб чораҳои тарбиявии ҳизбӣ андешида шуда, ба ӯ огоҳӣ ё танбеҳ эълон карда, ба маълумоти мақомоти болоии ҳизбӣ расонида мешавад. Узви ҳизб аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ташаббуси он, ё ташкилоти болоии ҳизбӣ, барои номувофиқ будани рафтору кирдораш ба талаботи Оиннома бо тарафдории аз нисф зиёди узви ҳизб, ки дар қайди ташкилоти ибтидоӣ мебошанд ва бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбӣ аз сафи ҳизб хориҷ карда мешавад.
2.7. Шахси аз сафи ҳизб хориҷкардашуда дар сурати норозӣ будан ҳақ дорад, дар давоми як моҳ ба мақоми болоии ҳизбӣ муроҷиат намояд. Узви ҳизб дар асоси аризаи шахсиаш ихтиёран аз ҳизб баромада метавонад.

2.8. Узви ҳизб ҳуқуқ дорад:
- ба ҳамаи мақомоти ҳизб интихоб шавад ва интихоб кунад;
- дар бораи фаъолияти ҳизб маълумоти пурра ба даст оварад;
- дар чорабиниҳое, ки ҳизб мегузаронад, ширкат варзад, мавқеи худашро муайян кунад, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳизб, инчунин ҳаёти дохили ҳизбиро муҳокима намояд, дар таҳия ва амалӣ кардани қарорҳои ҳизб ширкат варзад;
- дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва таҳқири шаъну эътибораш аз пуштибонии сиёсии мақомоти ҳизбӣ истифода намояд, аз як ташкилоти ибтидоии ҳизб ба дигараш гузарад, узвияти худро дар ҳизб боз дорад ё ташкилоти ҳизбиро хаттӣ огоҳ намуда, аз он хориҷ шавад;
- аз тарафи ҳизб барои интихоб шудан дар мақомоти намояндагии ҳокимият пешниҳод намояд ва пешниҳод шавад;
- дар кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо, ки мақсад ва фаъолияташон ба ҳадафҳои барномавии ҳизб мухолифат надоранд, иштирок намояд.

2.9. Узви ҳизб вазифадор аст:
- Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд;
- дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бошад ва дар кори он фаъолона ширкат варзад;
- ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад;
- дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» аз даромади умумии моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият супорад.

2.10. Узвият дар ҳизб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар сурати ҷазои судӣ гирифтан;
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо хоҳиши худ баромадан аз сафи ҳизб;
- аъзо шудан ба дигар ҳизби сиёсӣ;
- дар ҳолати фавт;
- дар ҳолати вайрон кардани талаботи Оинномаи ҳизб;
- дар ҳолати бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидан.

2.11. Узвият дар ҳизб дар сурати гузаштан ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

3. Сохтори ташкилӣ ва демократияи дохилиҳизбӣ
3.1. Сохторҳои ҳизб дар асоси усули истеҳсолию ҳудудӣ созмон меёбанд.
Ба сохторҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дохил мешаванд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Бо ташаббуси узви ҳизб мумкин аст шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони ҳизб, созмонҳои занон, ҷавонон ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо ташкил карда шаванд.
3.2. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад.
3.3. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ (конференсия) мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ, вале вобаста ба зарурат ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар ду сол даъват карда мешавад.
3.4. Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд, раис, дар ташкилотҳои ҳизбие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо доранд — раёсат интихоб мекунанд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки аз 300 нафар зиёд аъзо доранд, конференсия Кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва Раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар конференсия як маротиба дар ду сол шунида мешавад.

3.5. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва Раёсат роҳбарӣ менамояд;
- дар маҷлисҳои умумии ташкилоти ибтидоӣ раисӣ мекунад;
- ташкилоти ибтидоиро дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ намояндагӣ мекунад;
- қабул, қатъ ва боздоштани узвият ба ҳизбро мутобиқи банди 9 Оиннома ба роҳ мемонад;
- дар асоси «Низомнома оиди тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бақайдгирии аъзои ҳизбро ба роҳ мемонад;
- протоколҳои маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоиро ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ пешниҳод мекунад;
- аз иҷрои қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ахборот пешниҳод менамояд;
- ҳаққи узвиятро сари вақт ҷамъ намуда, ба суратҳисоби Кумитаи иҷроия ирсол менамояд;
- нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоиро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамояд.
3.6. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ вобаста ба зарурат, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад.
3.7. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии дар ҳудудаш буда назорат мебарад;
- ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлисҳои умумӣ мешунавад;
- қарорҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахборот пешниҳод менамояд;
- мутобиқи банди 3.2, 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад;
- мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- дигар салоҳиятҳоеро, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
3.8. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо назардошти вазифа ва шароитҳои фаъолият дар масъалаҳои муайян кардани сохтори худ, самтҳо ва усулҳои корӣ, мӯҳлат ва тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳизбӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ, муносибат бо дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятиро бо ташкилотҳои болоии ҳизбӣ мувофиқа менамоянд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои ҳизбро ташвиқу таблиғ намуда, вазифаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ташкилии ҳизбро дар корхонаю муассисаҳо ва маҳалли зист амалӣ мекунанд ва барои иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
3.9. Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар асоси қарор, ки бо дастгирии аз се ду ҳиссаи аъзои дар қайди ин ташкилот буда қабул гардидааст, барҳам дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати хилофи Оиннома амал кардани ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти он бо қарори кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ қатъ гардонида мешавад.
3.10. Ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро дар минтақаи алоҳида муттаҳид намуда, фаъолияти онҳоро роҳбарӣ ва назорат мекунад, бақайдгирии узви ҳизбро ташкил карда, корҳои ташкилиро оид ба иҷрои қарорҳои ҳизб дар коллективҳои меҳнатӣ ва ҷойи истиқомати шаҳрвандон, инчунин пешбарӣ намудани узви ҳизб ва ғайриҳизбиёнро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ амалӣ менамояд.
3.11. Мақоми олии ташкилотҳои ҳизбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ – Конференсия мебошад, ки аз рӯи зарурат, вале камаш як маротиба дар дувуним сол даъват карда мешавад. Конференсия кумитаҳои иҷроия ва комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳияро интихоб мекунад. Сармуҳарирони нашрияҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар конференсияҳо интихоб мегарданд. Тартиби гузаронидани овоздиҳиро дар интихоботи мақомоти иҷроияи ҳизб конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мекунанд.
Конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбии дахлдор даъват карда мешаванд.
3.12. Интихоби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб сурат мегирад.
3.13. Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- иҷрои қарорҳои ташкилотҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро назорат менамояд;
- ҳисоботи раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро мешунавад;
- гурӯҳи вакилии ҳизбиро дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ташкил намуда, ҳисоботи раиси онро ҳар сол як маротиба мешунавад;
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- бо қарори муассисон дар ҷои кор ва макони истиқомати шаҳрвандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мутобиқи бандҳои 3.2 ва 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода, онро барҳам медиҳад;
- баҳри дар амал татбиқ намудани мақсадҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб чораҳои мушаххас меандешад;
- дар бораи қабул ба сафи ҳизб ва аз сафи ҳизб хориҷ намудан қарор қабул мекунад;
- дар ҳолати ба Оинномаи ҳизб мувофиқ набудани талаботи қарори ташкилоти поёнии ҳизб онро бекор менамояд;
- аъзои худро интихоб ва бозхонд менамояд;
- дигар салоҳиятҳое, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
Маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ даъват карда мешаванд.
3.14. Қарорҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ё мақомоти интихобии он дар ҳолате қабулшуда ба ҳисоб мераванд, ки агар ба тарафдории онҳо аксарияти аъзои дар қайди ташкилоти ҳизбӣ буда ё вакилони интихобшуда овоз дода бошанд.
3.15. Мақоми олии ҳизб Анҷуман мебошад, ки камаш як маротиба дар 5 сол даъват карда мешавад. Мӯҳлати даъвати Анҷуман, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи он аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб на дертар аз 2 моҳ то гузаронидани Анҷуман эълон мегардад. Дар ҳолати зарурат Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҳамчунин метавонад Анҷумани ғайринавбатиро даъват намояд.
Анҷуман дар ҳолати иштироки аз нисф зиёди вакилон барои қабули қарорҳои дахлдор ваколатдор мебошад. Тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҳизб бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Анҷуман қабул карда мешаванд.
3.16. Анҷумани ҳизб бо роҳи овоздиҳии кушод ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол Раиси ҳизб, ҳайати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотии ҳизбро интихоб мекунад, ба шарте ки он тартиби дигареро муайян накунад.

3.17. Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:
- ҳисобот ва гузоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотӣ, дигар мақомот ва шахсонеро, ки аз тарафи Анҷуман интихоб мегарданд, шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва ба фаъолияти онҳо баҳо медиҳад;
- Барнома ва Оинномаи ҳизбро қабул намуда, ба онҳо тағйироту иловаҳо дохил мекунад;
- Парчам, Нишони ҳизб ва Низомномаи истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;
- Намунаи шаҳодатномаи ягонаи ҳизбиро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти ҳизбро дар соҳаи сохтмони ҳизбӣ, кори идеологӣ, сиёсати дохилӣ ва берунӣ муайян менамояд;
- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.
3.18. Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб барои назорати буҷаи ҳизб, фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ масъул аст. Комиссия дар асоси Оинномаи ҲХДТ ва Низомномае, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ кардааст, фаъолият мебарад.

3.19. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваколат дорад ки:
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он роҳбарӣ кунад;
- ҳизбро дар дохили мамлакат ва берун аз он намояндагӣ намояд;
- ба рафти тайёр намудани масъалаҳое, ки дар Анҷуман бояд муҳокима шаванд, роҳбарӣ кунад;
- ба Анҷумани ҳизб миқдор ва ҳайати шахсии аъзоёни Кумитаи Иҷроияи Марказиро пешниҳод намояд;
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб номзадии муовини якум, муовинони Раиси ҳизб ва сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбиро пешниҳод намояд;
- дар маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб раисӣ кунад;
- ба қарорҳои Анҷуман ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб имзо кунад;
- аз номи ҳизб изҳорот диҳад, шартномаҳоро имзо кунад;
- ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ситодҳо ва мақоми матбуоти ҳизб роҳбарӣ кунад;
- ваколатҳои муовинонашро муайян намояд ва иҷрои баъзе салоҳиятҳои худро ба онҳо вогузор намояд;
- барои ҳалли масъалаҳои марбута фармоиш интишор намояд;
- номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаҳои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, масъалаи озод намудани онҳоро ба маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи (Конференсия)-и марбута пешниҳод намояд.
3.20. Дар ҳолати набудани Раиси ҳизб, иҷрои ваколатҳояш ба зиммаи муовини якум ё яке аз муовинонаш гузошта мешавад.

3.21. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб вазифадор аст:
- бо пешниҳоди Раиси ҳизб Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва муовинони Раисро интихоб кунад;
- сиёсати ҳизбро, ки Анҷуман муайян кардааст, дар амал татбиқ намояд;
- кори ташкилотҳои ҳизбиро ба ҳам мувофиқа намуда, самтҳои ҳамкории ҳизбро бо дигар ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муайян кунад;
- доир ба амалӣ гардонидани қарорҳои Анҷуман ва конференсияҳои ҳизб корҳои мушаххасро анҷом диҳад;
- дар асоси Оиннома кори дохилиҳизбиро ташкил намуда, ба ташкилотҳои маҳаллӣ расонидани ёрии ҳаматарафаро таъмин карда, мӯҳлати аз қайд гузаштани аъзоён ва ташкилотҳои ҳизбиро муайян кунад;
- таҳия ва мувофиқа намудани барномаи пешазинтихоботӣ ва пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳизб таъмин кунад;
- фаъолияти фраксияи парлумонии ҳизбро бо роҳи стратегии ҳизб мутобиқ гардонад;
- мақомоти матбуотии ҳизбро таъсис диҳад;
- Анҷумани ҳизбро даъват кунад;
- кумитаҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории дахлдори ҳизбиро ташкил кунад;
- низомнома, дастурамал ва маҷмӯи қоидаҳои ҳизбро тасдиқ намуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид созад;
- ахбороти Комиссияи тафтишотиро оид ба сарфу харҷи маблағҳои молиявии ҳизб ҳамасола камаш як бор шунавад;
- барои таъминоти фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро таъсис диҳад.
3.22. Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
3.23. Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб (минбаъд – Раёсат) ва раёсати кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мақоми доимоамалкунандаи ҳизб мебошанд.
Раёсат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.
Маҷлисҳои Раёсат дар вақти зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Раёсат даъват карда мешаванд.
Дар сурати набудани Раиси ҳизб дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муовини якуми Раиси ҳизб ба кори ҷаласа раисӣ мекунад.

Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ вазифадор аст:
- барои муайян намудани супоришҳои ҳизбӣ ситодҳо ва гурӯҳҳои махсуси ҳизбӣ ташкил намуда, нақша — чорабиниҳои онро тасдиқ намояд;
- дигар масъалаҳои рӯзмарраеро, ки дар давоми сол ба миён меоянд, баррасӣ намояд.
3.24. Ҳизб хабарҳои расмиро дар саҳифаҳои матбуоти худ ё дигар воситаҳои ахбори умум мутобиқи қонунҳои амалкунанда интишор мекунад.

4. Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ.
4.1. Мутобиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳия вакилон – аъзои ҳизб барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои пешазинтихоботии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фраксияи ҳизбӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гурӯҳхои вакилии ҳизбиро таъсис медиҳанд.
4.2. Вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба ҳайати Фраксия ва гурӯҳхои вакилии ҳизбӣ шомил шаванд.
4.3. Бақайдгирии Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад.
4.4. Узви ҳизб — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонад танҳо аъзои як фраксия ва ё гурӯҳи вакилӣ бошад.
4.5. Ба фаъолияти Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Раиси Фраксия, гурӯҳ ва муовинони ӯ роҳбарӣ мекунанд.
Раиси Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси ҳизб ва раисони гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ барои интихоб шудан пешниҳод менамоянд.
4.6. Ҳизб ва сохторҳои ташкилии Фраксия ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ ба фаъолияти босамари онҳо мусоидат менамоянд.
4.7. Узви Фраксия ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ӯҳдадор аст, ки дар фаъолияти серҷабҳаи вакилӣ (қонунгузорӣ, намояндагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳизбӣ) фаъолона иштирок намояд.
4.8. Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назди кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ҳар сол як маротиба ҳисобот медиҳанд.

5. Вазъи ҳуқуқии ҳизб
5.1. Ҳизб аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар бонкҳои Тоҷикистон суратҳисоб дошта метавонад, соҳиби мӯҳри мудаввар, гӯшамӯҳр, варақи рамзии худ буда, дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ баромад карда метавонад. Ҳизб дорои Парчам ва Нишони худ мебошад.
5.2. Ҳизб ва сохторҳои иҷроияи маҳаллии он метавонанд, воситаҳои ахбори омма дошта бошанд ва фаъолияти онҳоро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

6. Молу мулк ва фаъолияти молиявии ҳизб
6.1. Ҳизб метавонад дар ихтиёри худ иморатҳо, иншоот, фонди манзил, хоҷагиҳои ёрирасон, молу мулки таъиноти фарҳангиву маърифатӣ ва тандурустӣ, маблағи пули миллӣ, хориҷӣ ва асъору саҳмияҳо, дигар қоғазҳои қиматнок, корхонаҳое, ки мувофиқи қонунҳои мавҷуда худаш сохтааст, дигар амволе, ки барои таъмини моддии фаъолияти ҳизб лозим аст, дошта бошад.
6.2. Воситаҳои пулӣ ва молу мулки ҳизб аз ҳисоби узвият, пардохтҳои ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ, нашриётӣ ва даромадҳо аз чорабиниҳои дигар, ки қонун манъ намекунад, ташкил меёбанд.
Ҳангоми хориҷ шудан аз ҳизб пардохтҳои ихтиёрӣ баргардонида намешаванд. Тартиби истифодаи маблағҳои ба ҳизб воридшударо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муайян мекунад.
6.3. Фаъолияти молиявии ҳизб ва ташкилотҳои он тавассути Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти молиявии ҳизб, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ менамояд, амалӣ мегардад ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳудуди салоҳияти онҳо амалӣ гардонда мешавад. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ бо назардошти шаффофияти фаъолияти молӣ ҳар сол буҷети худро барои маълумоти ҳамагон нашр менамоянд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолияти ҳизб
7.1. Азнавташкилдиҳии фаъолияти ҳизб мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Анҷумани ҳизб, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
7.2. Фаъолияти ҳизб бо қарори Анҷуман, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд ё дигар ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, қатъ мегардад.
7.3. Амволи ҳизб баъди бо қарори Анҷуман барҳам хӯрдани он ба мақсадҳои хайрия сарф карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: